Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ниҳолшинонӣ

Ниҳолшинонӣ

Ниҳолшинонӣ, усули асосии бунёд кардани боғоти ҷамъиятию наздиҳавлӣ. Дар замини барои Ниҳолшинонӣ пешбинишуда пе­шаки чуқурӣ мекананд; барои ниҳоли меваҷоти тухмдор (себ, нок) чуқуриаш 0,4 м ва бараш 0,8 м ва ме­ваҷоти довакдор (олуболу, олу ва ғайра) мувофиқан 0,4 X 0,6 м ва ғайра. Ҳангоми шинонда­ни ниҳол гарданаи реша бояд аз хок 4—10 см боло истад (ниг. расм). Ба­рои обдиҳӣ (20—30 л ба ҳар ниҳол) атрофи ниҳолро кӯлмак мекунанд. Ниҳолшинониро дар баҳор ё тирамоҳ дастӣ ё бо ёрии мошин (ниг. Кучатшино­нак) мегузаронанд. Ниҳолшинониро дар ҷангалдорӣ барои барқарор кардану ба вуҷуд овардани ҷангал ва дарахтзори ҳифзи боғу киштзор низ ба кор ме­баранд. Ниг. низ Кӯчат.

Ад.: Ткаченко М. Б., Общее лесо­водство, М.—Л., 1955; Растениеводство, М., 1071.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …