Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нағзак

Нағзак

Нағзак, чечак, 1) касалии си­роятии шадиди вирусӣ.

Дар одам Нағзак аз замонҳои қадим маълум аст. Аз соли 1796 ба муқобили Нағзак ваксина (моя) мегузаронанд. Нағзак дар Россия аз асрҳои 15—16 ва дар Белоруссия аз соли 1908 маълум аст. Дар бисёр мамлакатҳои Осиё, Аме­рикаи Ҷанубӣ ва Африка вомехӯрад.

Нағзак дар РСС Тоҷикистон чун дигар республикаҳои бародарӣ, солҳои 1935—36 барҳам дода шудааст. Одами бемор манбаи асосии сироят буда, вирус аз ӯ ба воситаи ҳаво (чанг, сулфа) ва ашё ба шахси солим мегузарад. Давраи инкубатсиони (ниҳонӣ)-и беморӣ 5—17 рӯз. Ҳарорати бадан ба­ланд (39—40Селсия) шуда, cap дард мекунад, заҳролудии сахт ба амал ме­ояд ва дар рузи 4—5-ум и беморӣ дар рӯи пусти бадан, даст, пой, пардаҳои луобии чашм, даруни даҳону бинӣ доначаҳо пайдо шуда, ба обилаҳои фасоднок табдил меёбанд ва сахт хориш мекунанд. Обилаҳо баъди 10—13 рӯз хушк шуда, дар 20— 30 рӯз мерезанд ва дар ҷои онҳо до­ғи нағзак (чӯтур) боқӣ мемонад. Дар ҳолати вазнин будани беморӣ обилаҳо бо ҳам даромехта дар бофта ва узвҳои гуногун хунравӣ ба амал меояд, ки онро Нағзаки сиёҳ меноманд. Аа 30 то 60% беморон мемиранд. Боди нағзак нобиноӣ, илтиҳоби шуш ва пардаи он, мағаи cap, чашм, пардаи дил ва ғайраро ба амал меорад.

М у о л и ҷ а: истифодаи гама-глобулини махсус, воситаҳон симптомалӣ, антибиотикҳо, сулфониламидҳо. Профилактика: гузаронидани вакци­на ва чораҷуиҳои зидди эпидемӣ (муҳофизати санитарии сарҳад, иэо- лятсияи беморон, карантин, дезин­сексия).

Дар ҳ а й в о н. Ҳайвонҳо низ ка­салии Нағзакро аз cap мегузаронанд. Вирус қобилияти сироятии худро дар оғилҳои шамолнорас то 6 моҳ, дар давои кушод ва пашми ҳайвонҳои касал то 2 моҳ нигоҳ медорад. Давраи инкубатсионӣ 4—12 рӯз. Обилаҳои Нағзак ба тамоми аъзои бадани гусфанду буз ва хук паҳн шуда, онҳоро гирифтори табларза мекунад. Агар Нағзак фақат дар баъзе ҷойҳои ба­дани ҳайвон (дар гов ва асп) барояд, касалӣ сабук мегузарад. Нағзаки паррандаҳо дар шакли ханноқӣ ва назлавӣ мегузарад. 2) Номи дигари анба.

Адабиёт: Соловьев В. Д., Мастюкова  Ю. Н., Вирус, вакцины и вопросы оспопрививания, Москва, 1961; Дубровс­кий С. В., Оспа и оспопрививание^ Москва, 1964; Бардина Л. И. (ва дигар). Руко­водство по ветеринарной вирусологии, Москва, 1966; Бурчасо П. Н., Никола­евский Г. П., Натуральная оспа, Москва, 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …