Маълумоти охирин

Намоз

Намоз ( дуо, ибодат), яке аз рукнҳои асосии ислом (нигаред Аркони дин), салоти ҳаррӯзаю панҷвақта (Намози бомдод, Намози пешин, Намози аср, Намози шом, Намози хуфтан).

Фақеҳони ислом ба ин рукн аҳамияти калон дода, Намозро фармоиши Худо ва аз ин ҷиҳат ба ҷо овардани онро ҳам фарзу ҳам суннат мешуморанд.  Ҳангоми намозхонӣ мусулмон бояд аз воқеоту зуҳуроти олам capфи назар кунад ва тамоми фикру зикри худро ба Худованд, ба «олами улвӣ» ё охират банд намояд. Вайрон кардани ин қоида ба Намози «ғайриҳақ» оварда мерасонад.

Маънои асосии Намоз аз арзи ҳоҷату ниёз ва мадҳу санои аллоҳ иборат аст; одатан сураи 1, оятҳо аз сураҳои 103, 108, 112, 114-н Қуръон хон­да мешаванд. Бино ба таълимоти ислом Намоз бояд баъди ният ба забони арабӣ хонда шавад.

Намозҳои баъди анҷоми таҳорат ё вузӯъ (шустушуи дасту рӯю пой) рӯ ба қибла (Макка) ба болои ҷойнамоз истода, ҳангоми хондани Намоз ҳаракатҳои гуногунро ба ҷо меоварад (дастонашро ба таври махсус нигоҳ медорад, ҳам мешавад) (рукуъ), cаҷда мекунад (суҷуд), мешинад ва дигар ҳаракатҳоро анҷом медиҳад.

Маҷмӯи ҳолатҳои намозхонро ракъат гӯянд, ки ҳар Намоз аз 2 то 4 ракъат иборат аст. Маъмулан ба Намоз мусулмононро муаззин бо азони худ даъват мекунад. Намози пешини рӯзи ҷумъа (Намози одина)-ро дар масҷид хондан маъмул аст. Одатан дар Намози ҷумъа имоми ҷумъаи масҷид ду xyтба бояд бихонад. Хутбаҳои мазкур ҷузъи таркибии Намози ҷумъа ба шумор меравад.

Ғайр аз Намози фарзи панҷвақта як қатор Намози иловагӣ низ дар ислом расм шудаасг:

  1. Намози истисқо (Намоз, ки дар хушксолӣ мехонанд ва мурод аз он талабидани борон аст),
  2. Намози шукрона (Намозе, ки ба шукронаи ҳосил шудани муроде ва дафъ кардани таҳлуқае мехо­нанд),
  3. Намози қазо (Намозе, ки пас аз гузаштани вақташ хонда мешавад),
  4. Намози фитр (рӯзи иди рамазон хонда мешавад),
  5. Намози ҷаноза (Намозе, ки пас аз ғусли мурда дар сари тобути ӯ хонда мешавад),
  6. Намоз широқ (Намози ғайри панҷвақтӣ аст, ки онро пас аз баромадани офтоб мехонанд),
  7. Намози таҳаҷҷуд (Намози ғайри панҷвақтӣ аст, ки онро пеш аз субҳ мехонанд).

Рӯҳониёни ислом бурду бохти зиндагиро тавассути Намоз ба худо пайвастанӣ мешаванд. Ҳомиёну ҳомилони исломи ҳозира бо мақсади замона- созӣ Намозро навъе аз тарбияи бадан ва таҳоратро ҷузъе аз гигиена таъбир мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …