Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Намии ҳаво

Намии ҳаво

Намии ҳаво, миқдори буғи об дар ҳавост; яке аз характеристикаи муҳими обу ҳаво ва иқлим аст. Намии ҳаво дар рафти ҷараёни баъзе просесс- ҳои технологӣ, табобати як қатор бемориҳо, маҳфуз доштани асарҳои санъати тасвирӣ, китоб ва ғайра аз омилҳои муҳим ҳисоб меёбад. Характеристикаҳои Намии ҳаво инҳоанд: 1) чандирӣ (ё фишори партсиал)-и буғи об (е), ки бо Н/м2 (мм сут• симоб ё мб) ифода меёбад; 2) намии мутлақ а — Миқдори буғи об ба ҳисоби г/м3; 3) намип хос q — миқдори бу­ғи оби 1 кг ҳавои нам ба ҳисоби г; 4) нисбати ғаш w, ки бо миқдори буғи об (бо г-ҳо) дар 1 кг ҳавои хушк муайян карда мешавад; 5) на­мии нисбӣ r— нисбати чандирии буғи оби ҳаво (е) бар ҳадди чанди­рӣ Е; 6) норасоии нами d — фарқи байни ҳадди чандирӣ ва чандирии аслии буғи об дар ҳамон як ҳарорат ва фишор; 7) нуқтаи шабнам.

Намии ҳавои атмосфераи Замин дар фосилаи васеъ тағйир меёбад. Масалан, дар наздикии сатҳи Замин миқдори буғӣ об дар ҳаво (аз рӯи ҳачм) ба ҳи­соби миёна аз 0,2% (дар арзҳои боло) то ба 2,5% (дар минтақаҳои тропикӣ) тағйир меёбад. Чандирии буғ е дар арзҳои қутбӣ айёми зимистон аз 1 мб (баъзан ҳамагӣ садяки мб), айёми тобистон аз 5 мб камтар аст; дар минтақаҳои тропикӣ бошад он то 30 мб ва аз ин хам зиёд мешавад. Дар биёбонҳои субтропикӣ е то ба 5—10 мб (1 мб = 102 11/м2) мерасад. Намии нисбӣ дар минтақаҳои экваторӣ (миёнаи солона 85% ва зиёда аз ин), дар арзҳои қутбӣ ва ай­ёми зимистон дар сатҳи хушкиҳои арзҳои миёна хеле зиёд мебошад. Айёми тобистон намии нисбии минтақаҳое, ки дар онҳо бодҳои муссонӣ мовазанд, хеле зиёд аст (масалан, дар Ҳиндустон 75—80%). Дар биёбонҳои субтропикӣ ва айёми зимистон дар минтақаҳои муссонӣ қиматҳои хурди r мушоҳида мешаванд (то 50% ва аз ин ҳам кам). Бо зиёд шудани баландӣ г, а ва  q ниp бо суръат кам мешаваyд. Дар баландии 1,5—2 км чандирии буғ нисбат ба қимати он дар сатҳи Замин ба ҳисоби миёна ду баробар кам аст. Тро­посфера қариб 99% буғи оби атмосфераро дар бар мегирад. Дар ҳавои болои ҳар як м2 сатҳи Замин ба ҳисоби миёна 28,5 кг буғи об мавҷуд аст.

Тағйироти шаборӯзии чандирии буғ дар болои уқёнусҳо ва ноҳияҳои наздибаҳрӣ мутаносибан бо тағйири шаборӯзии ҳарорати ҳаво ба амал меояд: намии ҳаво рӯзона бо афзудани бухоршавӣ зиёд мешавад. Тағйироти солонаи чандирии буғи об низ мувофиқан бо тағйири соло­наи ҳарорати ҳаво ба амал меояд. Аммо тағйироти шаборӯзӣ ва соло­наи намии нисбӣ ба тағйироти ша­борӯзӣ ва солонаи ҳарорат чаппа мутаносиб аст. Намии ҳаворо ба гигрометр ва психометрҳо чен мекунанд.

Намии ҳаво ба просесси мубодилаи гармии организм ва муҳит таъсири калон дорад, аз ин рӯ барои ҳаётгузаронии инсон хеле муҳим мебошад. Ҳангоми паст будани ҳарорат ва зиёд будани Намии ҳаво ихроҷи гармӣ аз орга­низм зиёд ва ҳарорати бадани инсон паст мешавад; ҳангоми баланд бу- данӣ ҳарорат ва зиёд будани Намии ҳаво их­роҷи гармӣ якбора кам шуда, боиси баланд шудани ҳарорати бадан (махсусан ҳангоми иҷрои корҳои ҷисмо- нӣ) мегардад. Ҳангоми кам будани Намии ҳаво организм ба ҳарорати баланд хубтар тоб меорад. Дар шароитҳои иқлими мӯътадил 40-60% будани намии нисбии ҳаво барои инсон шароити хубтарин аст. Барои бартараф кардани таъсири номатлуби Намии ҳаво вентилятсия, кондитсиониронии ҳа­во ва ғайраро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …