Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наимии Табрезӣ

Наимии Табрезӣ

Наимии Табрезӣ Фазлуллоҳ ибни Абӯмуҳаммад (1340—1396), шоир ва донишмандӣ форс-тоҷик. Илмҳои замонашро дар Машҳаду Табрез омӯхта, пас ба вилоятҳои Исфаҳон, Хоразму Озарбойҷон ва Нахҷувон сафар карда, бо шоирону адибони ин вилоятҳо ҳамсӯҳбат шудааст. Ба сабаби пайрави тариқати ҳуруфия буданаш рӯҳониён ӯро ба куфру илҳод айбдор намуданд; а

тарафи шоҳони темурӣ зиндонӣ гардида, охир ба қатл расонда шудааст. Ашъораш мазмуни тасаввуфӣ дорад. Аз осори Наимии Табрезӣ китоби саргузаштҳояш «Навмнома», рисолаҳо дар роҳу усули тарифати ҳуруфия — «Ҷовидони кабир» (соли 1396 дар зиндони Шервон навиштааст), «Ҷовидони са- ғир», инчунин асарҳои «Аршнома» ва «Муҳаббатнома» (дар зиндони Бо­ку навиштааст) боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …