Маълумоти охирин
Главная / Илм / Маяковский Николай Яковле­вич

Маяковский Николай Яковле­вич

Маяковский Николай Яковле­вич (20. 04. 1881, Новогеоргиевск, ҳозира Модлин, Полша — 08.08. 1950, Москва), бастакори советӣ, Артисти Халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1946), доктори илмҳои санъатшиносӣ (1940). С. 1911 синфи компо- зитсияи Консерваторияи Петербургро (назди А. К. Лядов) хатм кар­дааст. Асарҳои нахустинаш ҳанго­ми таҳсил эҷод шудаанд (симфонияи 1-ум, 1908; симфониэтта, 1910; тамсили симфонии «Сукут», 1909; 2 квартети торӣ, соната ва ғайра). Аз соли 1911 ҳамчун мусиқишинос баромад карда, яке аз мақоланои пурарзиши худ «Бетховен ва Чайковский»-ро навишт (1912). Аз соли 1921 профессри Консерваторияи Москва. Бештар аз 80 бастакорро тарбия намудааст (аз он ҷумла В. Я. Шебалин, А. И. Хачату­рян, Д. Б. Кабалевский, В. Г. Фере,

В. И. Мурадели ва дигарон). Мясковский барҷастатарин симфонисти замони ҳозира ва яке аз саромадони симфонияи советист. Муаллифи 27 симфония ва як қатор асарҳо барои оркестри симфонӣ. Инкишофи эҷодкоронаи анъанаи классики дар ифодаи мавзӯъ, образ ва дарки воқеияти муосир, гуногунрангии мундариҷа, ҳа­меша ба образҳои халқи руй овардан хислатҳои хоси эҷодиёти у ме­бошанд. Ҳар як симфонияаш вазифаи хоси эҷодӣ дорад: симфонияҳои 5-ум (1918) сурудмонанд, 6-ум (1923) — фоҷиавӣ, 16-ум (1936) — каҳрамонӣ, 12-ум (1940) — лирики ва ғайра. Инчунин муаллифи 13 кварте­ти торӣ, 9 соната барои фортепиано, 2 соната барои виолончел, кантатаҳои «Киров бо мост» (шеъри Н. С. Тихонов, 1942) ва «Кремл ҳангоми шаб» (шеъри С. А. Василев, 1947], силсилаи романсҳо бар ашъори Б. А. Баратинский, К. Д. Балмонт, А. А. Блок, М. Ю. Лермонтов, Р. Бёрнс, сурудҳои оммавӣ, хор ва fайра Лауреати Мукофотҳои давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1941, 1946, 1950, 1951). Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …