Маълумоти охирин

Маоизм

МАОИЗМ, («Ғояҳои Мао Цзэ-дун»), ҷараёни майдабуржуазию миллатчигии хилофи марксизм-ленинизм, ки солҳои 30 дар Партияи Коммунистии Хитой пайдо шуда, охири солҳои 50 ҳамчун системаи ақидаҳои мустақили идеологию сиёсии зидди социализми илмӣ ташаккул ёфтааст. Хусусияти Маоизм аз он иборат аст, ки таълимоти зиддисоциалистии «коммунизми казармӣ» ва гегемонизми бузургдавлатиро бо ибораҳои қалбакии революционию марксистӣ рӯпӯш мекунад. Асоси таълимоти сиёсии Маоизмро шовинизм ва антисоветизм ташкил медиҳад. Дар съездҳои 9-11 Партияи Коммунистии Хитой «ғояҳои Мао Цзэ-дун» идеологияи роҳбарикунандаи партия ва давлат эълон шуда, дар оинномаи ПКХ ва конститусияи РХХ дарҷ гардиданд.

Маоизм

Манбаъҳои ғоявию назариявии Маоизм бо идеологияи миллатчигӣ дар ҳаракати революционии Хитой алоқаманданд, ки оммаи асосии онро табақаҳои қафомондаи деҳқонон, синфи коргари висбатаи камшумор ва интеллигенцияи майдабуржуазӣ ташкил медиҳад. Маоизм бисёр ақидаҳои маъмули афкори сиёсӣ ва фалсафии феодалӣ ва буржуазию миллатчигиро ба худ гирифт. Ба ташаккули Маоизм, инчунин таълимоти прагматизми Д. Дюи ва ақидаи анархпетону троцкичиён таъсири зиёд расондаанд. Ин хусусан дар шарҳи масъалаҳои амалия, маърифат, ҳақиқат, дар мутлақгардонии мақоми зӯрӣ, дар ақидаҳои «халқ ҳеҷ аст», қаллобии волюйтаристии роҳбарони сиёсӣ ифода ёфтааст. Маоизм мақоми омили субъективӣ ва зӯриро дар сиёсат мутлақ гардонда, ҳуқуқҳои демократии меҳнаткашон, мавқеи эҷодии мустақилонаи онҳоро аслан сарфи назар менамояд.

Дар даҳсолаҳои охир Маоизм хеле таҳаввул карда, аз революционариами чавчигӣ ба таълимоти аксулинқилобии ошкоро гузашт. Маоизм мавҷудияти системеаи социалистӣ ва муборизаи ду системаи иҷтимоию сиёсии мухолиф — социалистӣ ва капиталистиро инкор мекунад. Таълимоти «се чехов», ки аз тарафи маоистон барои сафедкунии блокировкаи Хитой ба империализм пешниҳод шудааст, Иттифоқи Советиро («ҷаҳони якум») ба мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ («ҷаҳони дуюм», баъзе мамлакатҳои социалистии Аврупо низ ба он дохил карда мешаванд) ва мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ («ҷаҳони сеюм», ки ба он маоистон Хитой аз дигар давлатҳои социалистиро дохил мекунанд), муқобил мегузорад.

Дар соҳаи сиёсати дохилӣ роҳбарони Хитой бо мақсади то охири асри 20 ба давлати пуриқтидори милитаристӣ табдил додани Хитой нақшаи полюнтаристии «чор модернизация»-ро пешниҳод карданд.

Дар сиёсати байналхалқӣ маоистон ногузирии ҷанги нави ҷаҳониро тарғиб намуда, ошкоро ба муқобили паст кардани шиддати вазъияти байналхалқӣ ва яроқпартоӣ мебароянд. Ташкили «фронти васеътарини ягонаи байналхалқӣ» ба муқобили Иттиҳоди Шӯъравӣ ва дигар мамлакатҳои социалистӣ вазифаи асосии стратегӣ эълон гардида аст. Маоистон ба муқобили ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ва миллию озодихоҳӣ фаъолияти вайронкориро вусъат медиҳанд. Онҳо нисбат ба ҳама мамлакатҳои ҳамсоя даъвои ҳудудӣ доранд. Соли 1979 бо таҷовузи худ ба муқобили Республикаи Социалнстии Ветнам, роҳбарони Хитой хусусияти экспансионистии сиёсати худро, ки таҳдид ба ҳамаи давлатҳо ва сулҳи умумӣ аст, фош намуданд. Партияҳои марксистии ленинӣ ба муқобили идеология ва сиёсати Маоизм муборизаи қатъӣ мебаранд.

Дар охири июни 1981 пленуми 6-уми КМ Партияи Коммунистии Хитой шуда гузашт. Дар «Қарор»-и пленум иделогияи маоистӣ ҳамчун «назарияи илмие, ки аз санҷиши дуру дарози таърих гузаштааст», аз хатоҳои худи Мао Цзэ-дун ҷудо карда мешавад; Маоизм ба сифати «ганҷинаи маънавии Партияи Коммунистии Хитой», Мао Цзэ-дун бошад, ҳамчун «марксисти бузург, революционер, стратег ва назариётчии бузурги пролетарӣ»-е қаламдод шудааст, ки хизматҳояш «аз хатоҳояш хеле беш» будаанд.

Пекин ҳозир маҷбур аст эътироф кунад, ки дар амалияи сиёсии Партияи Коммунистии Хитой  дар арзи даҳсолаҳои охир «тамоюли субъективӣ», «каҷравиҳо дар бурдани муборизаи синфӣ», «шитобкорӣ ва пеш давиданҳо» дар сохтмони иқтисодӣ, «чунин хатоӣ ҷиддии куллӣ ва бардавом, монанди «революциии маданӣ» ҷой доштанд. Аммо ҳамаи ин тавро ба қалам дода мешавад, ки Мао Цзэ-дун сафед ва яиноятҳои ӯ пардапӯш карда шаванд. Бо ин мақсад дар «Қарор»-и мазкур таҷрибаи мусбати Партияи Коммунистии Хитой (тартиб додани роҳи гевералии давраи гузариш, ба амал баровардани навсозиҳои социалист, платформаи съезди 8 Партияи Коммунистии Хитой) ва дастурҳои антимарксистии Мао ба ҳам баробар дониста шудаанд.

«Қарор»-и пленумии КМ Партияи Коммунистии Хитой далели он аст, ки антисоветизм мисли пештара роҳи асосии сиёсати гегсмонистони Пекин мебошад.

Таҳлили объективонаи материалами пленуми в КМ ПКХ, инчунин сиёсати дохилӣ ва берунии Пекин ҳақ будани баҳоҳоеро тасдиқ менамоянд, ки съездҳои 24, 25 ва 26 КПСС, форумҳои партияҳои бародарӣ ба воқеаҳои дар Хитой ба амал омадаистода дода буданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …