Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАБОҲИС-УЛ-МАШРИҚИЯ

МАБОҲИС-УЛ-МАШРИҚИЯ

МАБОҲИС-УЛ-МАШРИҚИЯ – (Баҳсҳо оид ба машриқият), аввалин асари машҳури Фахруддини Розӣ. Соли 1342 дар Ҳайдаробод нашр шудааст.

osmon_dast

Асар, ки масъалаҳои илоҳиёт ва табииётро дар бар мегирад, аз 3 қисм иборат аст. Қисми аввал аз категорияҳои вуҷуд, имкон, моҳият, ваҳдат ва касрат баҳс мекунад. Дар қисми дуюми китоб, ки табииёт ном дорад, ҷавҳар (ҷисм, нафс, ақл) ва араз — камият (миқдор), кайфият (сифат), мақулоти нисбӣ, иллат ва малул (сабаб ва натиҷа), ҳаракат ва замон тадқиқ шудаанд. Қисми сеюм илоҳиёги маҳз буда, баёни 4 масъала:

исботи ҳастии худо,
сифатҳои он,
афъоли вай ва
зарурати набиро дар бар мегирад.

Асар дар пайравии «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино бо роҳи истифодаи он таълиф шуда аст. Бо вуҷуди ин Фахруддини Розӣ дар андешаҳояш мустақил буда, баъзан ба нуқтаҳои таълимоти Иони Сино эрод гирифтааст. Масалан ӯ назарияи Ибни Синро дар бораи судур ва aқли фаъол рад карданист.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …