Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАМЧИНАКДОРҲО

ҚАМЧИНАКДОРҲО

ҚАМЧИНАКДОРҲО организмҳои якҳуҷайра ва колониявиро гуянд, ки аъзои ҳаракаташон қамчинак аст. Оид ба растанӣ ё ҳайвон будани баъзе гуруҳи Қ. алҳол фикри ягона вуҷуд надорад. Мач., ботаникҳо эвгленаиҳоро растанӣ ва зоологҳо ҳайвон мешуморанд.

1) Дар ботаника Қ. (Flagella-tae) пештар чун шуъба (тип), ки аз якчанд синф иборат буд, омухта мешуданд. Баъзе синфҳои Қ. мас., Pantostomatioae, Protomastiginae ва Dietomatinae акнун растанӣ ҳисоб намешаванд.

2) Дар зоология Қ. (Mastigophora) як синфи ҷудогона буда, ба типи соддатаринҳо мансубанд. Қ. ба 2 зерсинф (Phytomastigina ва zoomastigina) ҷудо мешаванд, ки 13 қатор (қариб 3000 намуд)-ро дар бар мегирад. Ба зерсинфи якум организмҳое мансубанд, ки дорои пигмент буда, асосан дар натиҷаи фотосинтез ғизо мегиранд. Зерсинфи дуюм. организмҳои гетеротрофӣ (пайвастҳои органикии тайёрро ғизо мекунанд) ва организмҳои тарзи ғизояшон голозоӣ (микроорганизмҳоро фуру мебаранд)-ро дар бар мегиранд; Қ-и ғайрипаразит дар обҳои ширин ва баҳрҳо ва Қ-и паразит дар бадани ҳайвонот ва одам зиндагӣ мекунанд; аксари Қ.-и паразит (трипаносомаҳо, лейшмания, лямблия ва ғ.) барангезандаи бемориҳои гуногунанд.

kamchinakdorho

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …