Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАҲҲОР Абдулло

ҚАҲҲОР Абдулло

kakhkhar_abdulla

ҚАҲҲОР Абдулло (17. 9. 1907, Хуҷанд—24. 5. 1968, Москва), нависандаи советии узбек. Аз оилаи оҳангар. Аъзои КПСС аз с. 1952. Фак-ти коргарӣ (1926) ва педагогии Ун-ти давлатии Осиёи Миёнаро (1930) хатм кардааст. Муддате муҳарриру мутарҷими Нашриёти давлатии Узбекистон буд. С-ҳои 1954—56 раиси Правленияи ИН Узб. Аз с. 1924 ҳамчун ҳаҷвнигор ва новелланавис шуҳрат ёфт. Қ- дар боби такомулу нашъунамои новеллаи советии узбек ҳисса гузоштааст (маҷмуаҳои «Олам ҷавон мешавад», 1933; «Ҳикояҳо», 1935). Муаллифи повесть ва романҳои «Сароб» (1937), «Ситораи тилло» (1946), «Чароғҳоя Душчинор» (1952), «Синчалак» (1958; тарҷ. тоҷ. 1962), «Муҳаббат», (1968) ва ғ. Мавзуи пьесаи «Сузании шоҳӣ» (1950; Мукофоти Давлатии СССР, 1952; тарҷ. тоҷ. 1952) фатҳи даштҳои бекорхобидаи Мирзочул аст. Драмаи «Суазнии шоҳӣ» ва намоишномаи «Ҷон модаракон» дар саҳнаи театрҳои тоҷик намоиш дода шуданд.

А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …