Маълумоти охирин
Главная / Илм / Қабристони Ниёзботӯр

Қабристони Ниёзботӯр

Ниёзботӯр қабристон, ёдгории археологии ибтидои асри oҳан (асрҳои 4—3 то мелод) дар деҳаи Ниёзботури вилояти Фаргонаи РСС Ӯзбекистон.

В. И. Козенкова соли 1956 дар Ниёзботӯр ҳафриёт гузаронид. Ниёзботӯр аз 9 пушта иборат буда, дарозии дар пушта 9— 14 м, бараш 4—5 м, андозаи гӯрҳои онҳо 190 X 60 X 50—70 см аст. Азонҳо зарфҳои сафолии дастисохт (ко­са, кӯзаҳои васеъгардани бо ранги сурхчатоб андуда) ёфт шудаанд. Ниёзботӯр ба гурӯҳи қабрҳои Фарғона (Оқтом, Суфан, Даштиашт), ба маданияти Эйлатану Оқтоми Фарғона мансуб аст, ки он давоми маданияти асри биринҷӣ мебошад.

Ад.: Горбунова Н. Г., Культура Ферганы в эпоху раннего железа, «Археологический сборник Государственного Эрмитажа», 5, 1962.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …