Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХАРИТАИ ҶАВОҲИР»

«ХАРИТАИ ҶАВОҲИР»

«ХАРИТАИ ҶАВОҲИР» тазкираест, ки Мазҳари Ҷони Ҷонон таълиф кардааст (асри 17). Дар он аз эҷодиёти 490 шоир байтҳо, рубоиҳо, дубайтиҳо ва дигар навъҳои шеър намуна оварда шудаанд. «Xаритаи ҷавоҳир» барои омӯзиш ва барқарор кардани осори парокандаи баъзе шоирони давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик, адибони форснзабони Ҳиндустон аҳамияти калон дорад. «Xаритаи ҷавоҳир» соли 1855 дар матбааи Мустафоии Канпур (Ҳиндустон) ба табъ расидааст. Як нусхаи нопуррааш зери рақами 639 дар Ганҷинаи дастнависҳои Академияи Фанҳои РСС. Тоҷикистон маҳфуз аст.
С. Акрамов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …