Маълумоти охирин

ХАМБА

ХАМБА, кулӣ, ҷои махсусест, ки дар он орду ғалларо захира кунанд. Онро маъмулан дар анборхонаҳо (аз гаҷ, хишти хом, гил, чӯб) ба шакли охури мукааб месохтанд. Девораҳои хамбаро маҳкам карда, танҳо дар болояш ва девораи пешаш барои рехтану гирифтани маҳсулот сӯрохӣ мегузоштанд. Баъзан хамбаро бе сӯрохии паҳлӯӣ сохта, болояшро бо сарпӯш мепӯшониданд. Хамбаҳои нисбатан хурдро кулӣ мономиданд. Хамбаҳо асосан дар байни тоҷикони кӯҳистон маъмул буд,
Адабиёт: Таджики Каратегина и Дарваза,в. 1, Душанбе, 1966. М. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …