Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ФАРҲАНГҲОИ «ШОҲНОМА»

ФАРҲАНГҲОИ «ШОҲНОМА»

ФАРҲАНГҲОИ «ШОҲНОМА», фарҳангҳои тафсири ва дузабона, ки дар баъзеи онҳо тамоми калимаҳои «Шоҳнома», дар баъзеашон қисме аз онҳо (интихобан) шарҳу тафсир ва тарҷума шудаанд. Муҳимтарин фарҳангҳои махсуси «Шоҳнома» инҳоянд: 1) «Фарҳанги этимологии форсӣ-лотинӣ»-и Й. А. Вуллерс (Vullers J. А., Lexicon Реrsico-Latinum Еtimologicum… t. 1—II, Воnnае аd Rhenum, 1855—1864; ба забони лотинӣ). Мураттиб дар тафсири калимот аз фарҳангҳои муътамади дар асрҳои миёна таълифшуда истифода кардааст.
2) «Фарҳанги «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (Сlossar zu Ғirdousis- Shahname…, 1935; нашри дуюми стереотипиаш 1965), таълифи эроншиноси немис Фритс Волф (1884 —1043). Аз муқавдима (12 саҳифа), 911 саҳифа матни асосӣ (дар ду сутун тарҷумаву тафсири калимаҳо) ва замимаи «Феҳристномаи мутобиқати калимаҳои «Шоҳнома»-и нашри Т. Макан, Й. А. Вудлерс ва Ж. Мол иборат аст. Ин фарҳанг тамоми калимаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсиро, ки дар нашрҳои Т. Макан (ҷилдҳои 1—4. Калкатта, 1829), Й. А. Вуллерс (ҷилди 1,1877; ҷилди 2, 1679, ҷ. 3, 1884) ва Ж. Мол (ҷилдҳои 1—7, 1838—78) мавҷуданд, дар бар мегирад. Калимаҳо дар фарҳанг ба тартиби алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҷой дода шудаанд. Муаллифи фарҳанг достонҳои аслӣ вд фаръиву илҳоқии «Шоҳнома»- ро бо нишонаҳои махсус ва рақамҳо — «Дебоча»-и «Шоҳнома»-ро бо ҳарфи «Е», ҳаҷвияи Фирдавсиро ба султон Маҳмуд бо «S», бо шумораҳои 1 то 50 достонҳои аслӣ зикри ҳукмронии шоҳонро (аз Каюмарс то Яздигурд) ишора кардааст. Аа фарҳанги Волф дар байти чандуми ягон достони «Шоҳнома» ва ба кадом шакл омадани калимаро ёфтан мумкин аст.
3) «Фарҳанги «Шоҳнома», таълифи Ризозодаи Шафақ (нашри якум, Теҳрон, 1942, нашри дуюм 1972). Шафақ фарҳанги худро бар асоси чопи Берухими «Шоҳнома» (ҷилдҳои 1—10, Теҳрон, 1934—36) таҳия кардааст. Нашри якумаш мухтасар (миқдори ками калимаҳо тафсир шудаанд), нашри дуюмаш нисбатан пурратар мебошад. Аз муқаддима (маълумот дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и у) ва матни асосӣ иборат аст. Манбаи Шафақ дар таснифи асар фарханги Волф будааст. Дар фарҳанги Шафақ калимаҳо ва истилоҳоти «Шоҳнома» баъзан ғалат ва аз маънии аслӣ дур тафсир шудаанд.
4) «Вожаномак», таълифи Абулхусайни Нӯшин (чопи Техрон, бидуни нишондоди соли нашр). Фарҳанги мухтасарест, ки шарҳу тафсири калимаҳои душворфаҳми «Шоҳнома»-ро дар бар мегирад. Дар асоси чопи «Шоҳнома» (ҷилдҳои 1— IX, Москва, 1960—71) таҳия шудааст. Аз ҷиҳати сохту таркиб, тарзи тафсири калимаҳо аз фарҳангҳои дигар фарқ мекунад. Бисёр калимаҳое, ки дар он шарҳ ёфтаанд, дар фарҳангҳои Волф, Шафақ ба назар намерасанд, чунки «Шоҳнома»-и чопи Москва аз тамоми чопҳои пешинаи «Шоҳнома» пурратар ва мукаммалтар аст. Нӯшин дар тафсири худ этимологияи калимаҳоро пурра ва боварибахш овардааст. Барои исботи фикр ба ғайр аз абёти «Шоҳнома» аз манобеи дигар байтҳо ё пораҳои мансур ба сифати шоҳиди луғавӣ нақл кардааст. Нӯшин калимаҳоро бисёр дақиқ маънидод намудааст. «Вожаномак» барои матншиносии «Шоҳнама» дастури муҳимест.
5) «Фарҳанги «Шоҳнома», фарҳангест, ки дар он калимоти «шоҳнома» ба абони туркӣ тарҷумаву тафсир шудаанд, таълифи Абдулқодири Бағдодӣ (оғози таълифи асар 1656). Ин асарро К. Залеман нашр карда аст (Leksicon Sahnamianum… еd. С. Saleman, Реtropoli, 1895).
6) Якчанд фарҳангҳову луғатҳои мухтасар дар шарҳи баъзе калимаву таъбироти «Шоҳнома» зимни нашрҳои гуногуни он омадааст. Масалан, дар нусхаҳои «Шоҳнома», ки дар Лакҳнав (1846), Бамбай (1881— 89) ва дигар ҷойҳо чоп шудаанд, замимаи «Фарҳанги алфози нодир ва истилоҳоти ғариби «Шоҳнома» ҷой дода шудааст. Ҳамин гуна фарҳанг дар нашри Теҳрони «Шоҳнома» (1901—05) омадааст. Муҳаққиқи эронӣ Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, ки «Шоҳнома»-ро аз рӯи нашри Т. Макан бо тасҳеҳу таҳия ба табъ расонидааст, дар равияи Волф асаре бо номи «Кашф-ул-абёти «Шоҳнома» (ҷилдҳои 1—2, Теҳрон, 1970— 72) офаридааст, ки шарҳу тафсири калимаҳои душвор ва маънидоди абёти «Шоҳнома»-ро дар бар мегирад.
Адабиёт:
М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …