Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулваҳҳоб Мирзо

Абдулваҳҳоб Мирзо

Абдулваҳҳоб Мирзо (соли таваллудаш номаълум – вафоташ тақрибан байни 1860 – 1870, шаҳри Китоб), хаттоти тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Абдулваҳҳоб Мирзо бештар аз 100 асарро ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ бо хати шикаста ва настаълиқ китобат кардааст.

Аз осори хаттотии Абдулваҳҳоб Мирзо то замони мо маснавиҳои Ҷалолуддини Румӣ ва «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ расидаанд. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносин АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон  маҳфузанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …