Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Маҳнаӣ

Абдуллоҳи Маҳнаӣ

Абдуллоҳи Маҳнаӣ (с.оли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Пас аз касби камол ба доираи адабии шаҳри Ҳирот ворид гардид ва ҳамон ҷо ба кори эҷодӣ машғул буд.

Аз завқу табъи баландаш дар шеъру шоирй тазкиранигорон Навой («Мацолисун-нафоис») ва Нисорӣ («Музаккирул-аҳбоб») дарак додаанд. Абдуллоҳи Маҳнаӣ дар сурудани ғазал моҳир будааст. Аз девонаш иттилое дар даст нест. Дар тазкираҳо ва баёзҳо намунаҳои шеъраш дарҷ гардидаанд. Ин абёт аз уст:

Ҳеҷ шаб нест, ки аз ҳаҷри туам мотам нест,

Бе ту рӯзи мани мотамзада аз шаб кам нест.

Маҳраме нест, ки гӯяд сухани май бо ӯ,

Он ки гӯяд сухани ман бари ӯ маҳрам нест.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …