Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулҳай Собирзода

Абдулҳай Собирзода

Абдулҳай Собирзода (1869, де­ҳаи Чормағзаки Қаротегин – 1951, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар наз­ди падараш савод бароварда, сипас таҳсилро дар яке аз мадрасаҳои Қӯқанд давом додааст. Баъд аз хат- ми Мадраса ба зодгохаш баргашт ва ба дехконй машгул шуд.

Ба шеъру шоирӣ дар айёми таҳсил майлу рағбат пайдо кард. Аз Абдулҳай девоне боқӣ мондааст, ки 170 ғазал, 16 мухаммас, як муноҷот, 74 рубоиро дар бар мегирад. Мавзӯъҳои ашъораш васфи ишқу муҳаббат, даъват ба ахлоқи ҳамида, танқиди зулму золимон ва ғайра мебошад. Абёти зерин аз ӯст:

Ёди аҳли чоҳ бар дил ҷуз ғаму озор нест.

Водареғо, мардумонро дидаи бедор нест…

Банда Абдулҳай наяндешад зи макри золимон,

Ҳар кӣ иззат ёфт аз халқ, назди золим хор нест.

Ад.: Ҳабибов А., Ганҷи парешон, Д., 1984.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …