Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдӣ Мирзоабдуллоҳ

Абдӣ Мирзоабдуллоҳ

Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд, ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Зодгоҳаш деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ. Пас аз касби камол ба Самарқанд рафт ва муқими он шаҳр шуд, Дар замони салтанати Умархон (ҳукмрониаш 1809 – 1822) ба хидмати дарбори ӯ омад ва дар мансаби надимӣ хидмат мекард. Донишманди фо­зил ҳозирҷавобу базлагӯй будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидааид. Ин абёт аз ӯст:

Баски дилсардам зи аҳли рӯзгор,

Гӯшаи узлат аз он шуд масканам.

Қитъае чандин, китобе чанд хуш,

Аз матои даҳр дорам муғтанам.

Кисмм гар зар надорад, пест бок,

Симу зар – ашъор, сипа – хазнаам.

Ад.; Суханмароки Сайқали рӯи замин, Д., 1973

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …