Маълумоти охирин

ТИЛОХ

ТИЛОХ, тилех (Охосhоrdа аldertii), як навъ буттаи худруест аз оилаи настаранихо. Дар шароити табии одатан 2—3 (баъзан то 6 м) кад мекашад. Баргаш нештаршакл (дарозиаш то 10 см, бараш 3 см), гулаш калон (диаметраш то 4 см), сафед, дучниса (6—10-тои дар хушагул чой мегирад), мевааш гузамонанд (дарозиаш то 1,7 см, бараш 1,4 см). Тухмаш дорчини (вазни 1000-тоаш 9,5 г); июл — август мепазад.
Тилох факат дар нохияхои кисми марказни Помиру Олои (1200—2400 м, аз сатхи бахр) меруяд. Хоси махалхои серрутубати чангалзори пахнбарг аст. Тилохзорхо асосан дар нишебихои каторкуххои Каротегин, гарби Пётри 1 ва Дарвоз, чануби Хисор (хавзаи Каротог ва Хонакох) чой гирифтаанд. Тилох одатан бо чормагз, фарк, арча, сафедор ва гайра хамрох месабзад.
Дар шароити табиии Помиру Олой аз тухм ва бо рохи нашви (вегетативи) зиёд мешавад. Тухмаш одатан апрел неш мезанад. Хеле суст месабзад. Тилохи 2-сола 5—10 см, 9— 12- сола то 2 м, 20-сола то 3 м кад мекашад. Тилохи 60-сола низ вохурдааст. Дар парвардахона нисбатан тез месабзад. Дар табиат хар сол (апрел) гул мекунад; айёми гулшукуфташ то 20 руз (дар баландни 1200 м аз сатхи бахр).
Тилох буттаи хеле базеби ороишист (алалхусус дар давраи гулшукуфт).
Холо онро дар богу чорбогхои Москва, Ленинград, Киев, Минск Рига ва гайра мепарваранд. Чалдин навъхои богии Тилох (f. makrantha, f grandiflora ва гайра)-ро низ руёнидаанд. Дар Боги ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон, Тилохи 25-сола (кадаш 3—4,5 м) хаст. Дар шароити Душанбе аввалхои мохи март ба шукуфтан сар мекунад; айёми гулаш кариб 1 мох аст. Агар зимистоп гарм ояд, мохи феврал (аз дигар буттахо хеле пеш) мешукуфад. Бо баргхои реза ва гулхои калон-калони худ ба ёси сафед монанд аст.
Адабиёт: Вознесенская Е. И., Волощук Ф. А., Темберг Я. Г., Листопадные породы, дар китоби: Деревья и кустарники для озеленение Таджикистана, Душанбе,
1965: Флора Таджикской ССР, том 4, Л.,
1975; Запрягаева В. И.. Лесные ресурсы Помиро-Алая, Л. 1978.
А. Ашуров.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …