Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМИ»

«ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМИ»

«ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМИ» асари Чурчи Зайдон, ки бори аввал солхои 1902— 06 дар Кохира ва бори дуюм соли 1978 дар Бейрут ба табъ расидааст. Асар аз 5 кисм (чузъ) иборат буда, дар ду китоб гирд оварда шудааст. Китоби якум ду кисм, китоби дуюм се кисмро дар бар мегирад. Кисми якум барои кисмхои оянда чун асос хизмат карда, дар он рочеъ ба вазъияти сиёси, ичтимои ва динии арабхо аз эрониёни кабл аз ислом, тарзи давлатдории онхо, ба тахти хилофат омадани Умавиёну Аббосиён маълумот дода шудааст. Кисми дуюму сеюм ба таърихи Хилофати араб, робитахои он бо мамлакатхои хамсоя, таърихи шахрхою вилоятхои Шарки исломи, аз чумла Мовароуннахр (Бухоро, Самарканд, Кеш, Нахшаб, Пайканд, Фаргона, Сугд, Истаравшан, Хучанд), таърихи адабиёти пешазисломии Эрон, макоми халкхои эронинажод дар инкишофи илму маданияти халкхои дар тасарруфи Хилофати араб буда ва тамаддуни Юнони Кадим оид аст. Дар кисми чорум муаллиф дар бораи муносибати байни арабхою эрониёни пеш аз ислом, сиёсати халифахои араб дар даврахои гуногуни таърихи маълумот додааст. Кисми панчум аз вазъияти ичтимоии арабхо, эронихо ва дигар халкхои Шарк, ки баъди интишор ёфтани дини ислом умр ба сар бурдаанд, бахс мекунад. Асар барои омузиши таърихи халкхои Шарк, аз чумла точикон ахамият дошта, ба забонхон англиси, франсави, форси, турки, урду ва кисман руси тарчума ва нашр шудааст. О Лашкаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.