Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕЖИМИ ОБЁРИ

РЕЖИМИ ОБЁРИ

РЕЖИМИ ОБЁРИ, меъёр, мухлат ва микдори обмонии зироатхои хочагии кишлокро муайян мекунад. Режими обёриро аз руи хусусиятхои биологии растани, иклим, шароити хону гидрогеологии китъаи обёришаванда, усул ва техникаи обмони, технологияи парвариши растани ва гайра мукаррар мекунанд. Микдори обмони ба меъёри обмони мувофикат мекунад, хачми онхо дар рафти давраи обёри тагйир меёбад ва ба сабзиши реша, таркиби механикии хок, даврахои инкишофи зироатхои хочагии кишлок, хусусиятхои обталабии онхо ва гайра вобаста аст.

r-obyori

Масалан, пахта то айёми гул 10—16%, дар айёми гулшукуфт 60—70% ва дар давраи расиши гуза 15—20% оберо сарф мекунад, ки дар давраи нашваш лозим аст. Ба растани, гайр аз давраи нашв, тирамоху зимистон низ об мемонанд (меъёр—1000— 2000 метр3/гектар, кабати намшавандаи хок 1—1,5 метр). Инчунин обмонии пеш аз кишт (мувофикан 600 метр3/гектар ва 0,4— 0,5 метр) мегузаронанд. Мухлати обдихиро аз руи намии хок, консентрасияи шираи хучайра, харорати хавою хок ва дигар омилхо мукаррар мекунанд. Санаи обмониро одатан ба даврахои инкишофи растани мувофик менамоянд.

Режими обёрии киштгардонро аз руи хосили чамъи Режими обёрии зироатхои чудогона, бештар бо ёрии графики гидромодул, ки он тасвири графикии Режими обёри мебошад, муайян мекунанд. Графики Режими обёри хар сол вобаста ба шароити обу хаво, хочагихо ва гайра ислох карда мешавад.

Адабиёт: К о с т я н о в А. Н., Основы мелиорации, Москва, 1960; Ш а р о в И. А., Энсплуатация гидромелиоративных систем, Москва, 1968.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …