РЕЖИМИ ОБЁРӢ, меъёр, мӯҳлат ва миқдори обмонии зироатҳои хоҷагии қишлоқро муайян мекунад. Режими обёриро аз рӯи хусусиятҳои биологии растанӣ, иқлим, шароити хону гидрогеологии қитъаи обёришаванда, усул ва техникаи обмонӣ, технологияи парвариши растанӣ ва ғайра муқаррар мекунанд. Миқдори обмонӣ ба меъёри обмонӣ мувофиқат мекунад, ҳаҷми онҳо дар рафти давраи обёрӣ тағйир меёбад ва ба сабзиши реша, таркиби механикии хок, давраҳои инкишофи зироатҳои хоҷагии қишлоқ, хусусиятҳои обталабии онҳо ва ғайра вобаста аст.
Масалан, пахта то айёми гул 10—16%, дар айёми гулшукуфт 60—70% ва дар давраи расиши ғӯза 15—20% оберо сарф мекунад, ки дар давраи нашваш лозим аст. Ба растанӣ, ғайр аз давраи нашв, тирамоҳу зимистон низ об мемонанд (меъёр—1000— 2000 метр3/гектар, қабати намшавандаи хок 1—1,5 метр). Инчунин обмонии пеш аз кишт (мувофиқан 600 метр3/гектар ва 0,4— 0,5 метр) мегузаронанд. Мӯҳлати обдиҳиро аз рӯи намии хок, консентрасияи шираи ҳуҷайра, ҳарорати ҳавою хок ва дигар омилҳо муқаррар мекунанд. Санаи обмониро одатан ба давраҳои инқишофи растанӣ мувофиқ менамоянд.
Режими обёрии киштгардонро аз рӯи ҳосили ҷамъи Режими обёрии зироатҳои ҷудогона, бештар бо ёрии графики гидромодул, ки он тасвири графикии Режими обёрӣ мебошад, муайян мекунанд. Графики Режими обёрӣ ҳар сол вобаста ба шароити обу ҳаво, хоҷагиҳо ва ғайра ислоҳ карда мешавад.
Адабиёт: К о с т я н о в А. Н., Основы мелиорации, Москва, 1960; Ш а р о в И. А., Энсплуатация гидромелиоративных систем, Москва, 1968.