Маълумоти охирин

МИЛЕВ Йордан

milevМИЛЕВ Йордан (таваллуд 15. 1. 1933, дехаи Алтимири округа Врачанек), нависанда ва тарчумони булгор. Унститути «Климент Охридски»-и Софияро хатм намудааст. Солхои зиёде алманахи «Друж­ба» («Дусти»)-ро тахрир мекард.

холо сармухаррири нашриёти «На­родная младеж».

Муаллифи мачмуахои «Мехри рангин» (1964), «Ракси оташ», «Кисмат» (хар ду 1967), «Монанди ангуштарини Кайвон», «Достони Шарк» (хар ду 1968), «Зан дар болои теппа» (1971), «Одамон ва биёбон» (1973), «Имрузу фардо» (1975). Милев бо нашри нахустин таълифоташ машхур гардид. Тарчумони низ дар эчодиёти у мавкеи хос до­рад. Ашъори Рудаки, Фирдавси Хайём, Низоми, Чалолуддини Руми, Саъди, Хофиз ва намунахои эчодиёти М. Турсунзода, Лоик ва диг. шоирони точикро ба забони булгори тарчума кардааст. Ба мачмуаи ашъори шоирони булгор, ки бо унвони «Сохили заррин» (1978) ба точики нашр шуд, сарсухан навиштааст. Лауреати Мукофоти комсомоли димитрови. Бисьёр шеърхои Милев ба забонхои халкхои СССР, аз он чумла ба точи­ки тарчума гардидаанд. Милев шахру районхои Точикистонро саёхат намуда, як силсила очеркхо навишта­аст, ки бо унвони «Диёри домани гардун» соли 1979 ба забонн точики чоп шуд. Барои хизматхояш дар тарчу­ма ва таргиби адабиёти точик дар Булгория бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии PСC Точикистон му­кофотонида Шудааст.

П. Турсунзода.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …