Маълумоти охирин

КИНГОЛАБОЗИ

tuy

КИНГОЛАБОЗИ, кинголбози, нисбатбози, дасудабози, як навъ мулокоти байни арусшавандаю домодшавандаро гуянд, ки баъди туи фотида огоз ёфта, то туи аруси давом мекард. К. дар замони модаршои пайдо шудааст. Минбаъд К. хамчун анъана дар байни баъзе халкхо мушохида мешуд. Шариат вохурии арусшавандаю домодшавандаро то туи аруси манъ мекард. Бинобар ин модарарус то туи аруси ба максади унс гирифтани чавонон барои вохурии махрамона шароит мухайё менамуд. Ин одатро дар р-нхои чанубии республика кинголабози, дар болооби Зарафшон, Исфара, ва нохияи Сухи вил. Фаргона нисбатбози, дар Ашт дасудабози ё дастудабози, дар Фориш бахшидабози меномиданд.

Дар Каротегину Дарвоз дар гузашта аз сабаби нодории баъзе окладе туй ба ду кисм — туи хурд (калинтуй) ва туи калон (маросими ба хонаи домод бурдани арус) чудо мешуд. Дар маросими калинтуй домод як кисми калинро ба падару модари арусшаванда медод ва чавононро никох мекарданд. Баъди туи хурд, ки он дар хонаи арус барпо мегардид, домод 7—8 руз бо арус мемонд. Сипас то туи асоси хафтае як-ду маротиба пинхони ба хонаи арус меомад. Баъзан чавонони хурдсолро номзад менамуданд ва то ба балогат расидани онхо К. давом мекард. Дар Конибодом арус баъди акди никох як чанд руз дар хонаи падараш мемонд. Домод дар ин муддат то маросими арусфуророн ё келинфуророн ба хонаи арус рафтуо мекард, ки онро расидабози мегуфтанд. Чунин одат дар баъзе нохияхои водии Хисор ва Фориш хам чой доштанд. Мувофики маълумоти этнографи К. холо дар баъзе дехахои дурдасти Каротегину Дарвоз ва водии Зарафшон хамчун анъана боки мондааст.

Ф. Зехниева.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …