Маълумоти охирин

«ХАМСА»

«ХАМСА» (араби — панч, панчгона), панч достони алохидаи як адибро гуянд, ки дар як мучаллад гирд оварда шудаанд. Анъанаи «хамса»-гуи нахустин маротиба дар адабиёти форс-точик пайдо шуда, баъди асрхои 13—14 дар адабиёти дигар халкхои Машрикзамин чори гардидааст. Дар таърихи адабиёти форс-точик шахси номаълуме панч достони Низомии Ганчавиро дар як чилд гирд оварда, ба онхо номи умумии «хамса»-ро ниходааст ва ба хамин сабаб Низомиро поягузори мактаби «хамса»-нигори медонанд. Дар чавоби «хамса»-и Низоми аввалин бор шоири форс-точик Амир Хусайни Гури (вафот 1318) «хамса» навиштааст. Аммо дар чодаи «хамса»-сарои Хусрави Дехлави муваффакияти бузурги эчодиро ноил шудааст.Баъди Низоми, Гури ва Хусрав шоирони бисёре аз кабили Хочуи Кирмони, Ашраф, Чоми, Абдибеки Шерози, Сарфии Каисмири, Замонии Язди, Номии Исфахони, Хусайни Казвини ва дигарон анъанаи «хамса»-сароиро равнак додаанд.
Достонхои чавобия, маъмулан дар доираи вазну мавзуи муфрад офарида шаванд хам, аз лихози хачму халли масъала, шумораи образу кахрамонон, васоити тасвир, хатти сюжету фабула, забону тарзи баён ва чихатхои дигари гоявию бадеи дар пояхои гуногун меистанд. Масалан, Хочуи Кирмони дар номгузорию интихоби мавзуъ ва тафсири бадеии мазмунхои «хамса»-аш усули наверо пеш гирифтааст. Аюдуррахмони Чоми бошад шумораи достонхои «хамса» ро ба 7 расонидааст. Адибони турку озар, туркману уйгур, курду арман, пуштую урду, панчоби, арабу хинду ва гурчи низ дар интишору
инкишофи « хамса»-нигори хисса гузаштаанд. Махсусан дар адабйёти туркзабон ин чиз бештар мушохида мешавад. Намунаи он «хамса»-и Алишери Навои мебошад. А. Рахмонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …