Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФОНЕТИКА

ФОНЕТИКА

ФОНЕТИКА (юнони рhoneticos аз рhone — овоз), як сохаи илми забоншиносист, ки сохти овозии забонро меомузад. Сохти овозии забон ду чихати омузиш дорад: тавлидию акустики ва функcионалию забони. Ин чихатхои нутки овозиро ду сохаи илми забоншиноси: фонетика (дар маънои танги калима) ва фонология меомузанд.

book
Фонетика на танхо вазифахои забонии ходисахои овози, балки чараёни овозсози ва хусусиятхои акустикии нутки овозиро тахкик мекунад.
Ду навъи фонетика — умуми ва хусуси вучуд дорад. Фонетикаи умуми дар асоси имкониятхои овозсозии дастгохи гуфтори инсон шароити умумии ташкилу тавлиди овозхо ва хусусиятхои акустикии онхоро меомузад ва дар асоси ин гурухбандии умумии садонокхо ва хамсадохоро пешниход мекунад. Гайр аз ин, масъалахои ба хамтаъсиррасонии овозхо дар чараёни нутк — ходисахои хамтавлиди, мувофикату мутобикат, табдилу монандшавии овозхо низ мавзуи бахси Фонетикаи умуми мебошанд. Фонетикаи умуми табиату мохияти вохиди хурдтарини талаффуз — хичоро омухта, омилхои хичочудокуниро муайян месозад. Тахкики воситахои ташкили муттахидию ягонагии калима, навъхои гуногуни зада (кувваги, лахни ё мусикави ва гайра) ва сингармонизм аз вазифахои Фонетикаи умуми мебошад. Фонетикаи умуми охангро низ, ки гохо хамчун яке аз воситахои ташкили чумла (ё гуфтор) буда, Фонетикаи синтаксиси номида мешавад, барраси менамояд. Фонетикаи хусуси хамаи ходисахои зикршударо дар якчояги бо вазифахояшон дар заминаи масолехи забони муайян тахкик менамояд. Фонетикаи хусуси метавонад сохти овозии забонро дар давраи хозираи таърихи инкишофи он (Фонетикаи тавсифи ё синхрони) ва ё дар замони тулонитар (Фонетикаи таърихи ё диахрони) мавриди омузиш карор дихад.
Ахамшгги амалии фонетика дар бехтар кардани хату алифбо, таълими талаффузи адаби, ислохи нуксонхои нутк (логопедия ва сурдопедагогика), тархрези ва ихтирои дастгоххои фахмиши мошинии нутк багоят калон аст. Л. Зиндер, Т. Хаскашев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …