Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕЙЕРБАХ Людвиг Андреас

ФЕЙЕРБАХ Людвиг Андреас

feyerbax-la

ФЕЙЕРБАХ (Геuerbach) Людвиг Андреас (28. 7. 1804, Ландсхут, Бавария —13. 9. 1872, Рехенберг, Нюрнберг), файласуфи материалист ва атеисти немис. Факултети илохиёти Университети Гейделбергро хатм кардааст. Аввал дар зери таъсири акидахои Г. Гегел монда буд. Минбаъд идеализми уро сахт танкид карда, робитаи акидахои Гегелро бо дин ошкор намуд. Нуктаи асосии таълимоти алсафии Фейербах вучуди биологи ва арди мучаррад (нигаред Антропология) пиндоштани инсон мебошад. Ба мохияти табиати ичтимоии инсон ва кувваи асосии инкишофи таърих сарфахм нарафта, Фейербах масъалахои асосии хаёти чамъиятро идеалистона таъбир мекард.
Максади асосии Фейербах муборизаи оштинопазир ба мукобили дин буд. Динро бегонашавии рухи инсои мепиндошт ва манбаи асосии онро очиз будани инсон дар назди куввахои табиат ва чамъият медонист. Асоси ахлок, ба фикри мутафаниир, кушишу гайрати инсон барои ба даст овардани «саодат» буд, ки тавассути «дини мухаббат» (ягонагии инсон, таъсири мутакобили Ман ва Ту) бояд амали мешуд. Таълимоти аштрополргии Фейербах аз доираи чахорчубаи материализми метафизики берун баромада натавонист. Таълимоти ахлокиаш ба туфайли рухи гуманисти, демократи ва зиддидиниаш ахамияти прогрессиви дошт.
Акидахои фалсафии Фейербах ба ташаккули чахонбинии материалистии К. Маркс ва Ф. Эигелс таъсири зиёд расониданд. Асархои асосии Фейербах «Доир ба танкиди фалсафаи Гегел» (1839), «Мохияти дини масехи» (1841), «Асосхои фалсафаи оянда» (1943) ва гайра мебошанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.