Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Чумхурии Исломии Эрон

Чумхурии Исломии Эрон

iran1

ЭРОН, Чумхурии Исломии Эрон, давлатест, дар Осиёи Чан-Гарби. Аз шим. бо СССР, аз гарб бо Туркияю Ирок, аз шарк бо Афгонистон ва Покистон хамсархад аст. Э.-ро аз шим. б. Каспий, аз чануб хал-хои Форс ва Уммон ихота кардаанд. Масох. 1648 хаз. км2. Ахолиаш 43,7 млн наф. (1985), ахолии шахри 44% (1976). Дар Э. зиёда аз 30 миллат ва халкият зиндаги мекунанд; такр 50% ахоли форсхо, инчунин озорбойчонихо, курдхо, ва диг. зиндагони мекунанд. Забони расми — форси. Динашон—ислом. Э. ба 21 остон (вилоят) ва 2 генерал-губернатори таксим шудааст. Пойтахташ ш. Техрон. Мувофики конституцияи 1979 рохбари Э. Оятулло Рухулло Хумайни мебошад, ки у ба фаъолияти органхои конунгузор, ичроия ва суд рахнамои ва назорат мекунад, у инчунин сарфармондехи олист. Органи олии конунбарор — парламенти якпалатаги — Мачлиси Шурои милли (Мачлис). Сардори хокимияти ичроия — президент, ки аз тарафи халк, ба мухлати 4 сол интихоб мегардад.

Кисми зиёди Э.-ро пахнкухи Эрон ишгол кардааст; дар шим. каторкухи Албурс (вулкони Дамованд, 5604 м) ва дар чан. гарб системаи кухии Зогрус вокеъ гаштаанд. Иклимаш субтропикии континенти ва хупгк (харор. миёнаи янв. 2°С, июль 29С, Техрон), дар сохили хал-хои Форс ва Уммон — тропики (харор. миёнаи янв. 19С, июль 32С, Часк). Боришоти солона дар кисми зиёди Э. аз 50 то 500 мм, дар нишебихои Албурс ва пастихои чануби Каспий то 2000 мм. Ландшафти Э., асосан биёбони ва нимбиёбонист.

Дар ибт. хазораи 3 то м. дар сарзамини Э. аввалин чамъияти синфи ба вучуд омад; дар нимаи а. 6 то м. давлати гуломдории ибтидоии Хахоманишиён вучуд дошт. Дар а-хои 3—7 м. дар ахди Сосониён феодалкунонии чамъият cap шуд. Дар нимаи а. 7 Э.-ро арабхо забт карданд. Дар миёнаи а-хои 11—12 дар тасарруфи салчукихо, дар а. 13—миёнаи а. 14 дар тасарруфи сулолаи мугулии Халокуиён буд. Дар авв. а. 16 давлати Сафавиён барпо шуд (то с. 1736), аз ох. а. 18 кочорхо ба сари хокимият омаданд (то 1925). Ох-хои а. 19—авв. а. 20 Э. ба ниммустамликаи мамлакатхои империалисти (асосан Британияи Кабир ва Россия) табдил ёфт. С-хои 1905—11 революцияи зидди империалисти ва зиддифеодали ба вучуд омад. Баъд аз Рев. Октябри 1917 Хукумати Совети хамаи шартнома ва созишномахои нобаробархудуро, ки аз тарафи хукумати подшохи баста шуда буд, бекор кард. С. 1920 бо РСФСР алокаи дипломати ва с. 1921 байни хукумати Совети ва Эрон шартнома баста шуд. С. 1925 диктатураи помещению буржуазии Ризошохи Пахлави ба сари давлат омад. Аз нимаи дуюми солхои 30 нуфузи Германияи фашисти дар Э. зиёд шудан гирифт. С-хои Чанги дуюми чахони Хукумати Совети мачбур шуд, ки кушунхои худро муваккатан (авг. 1941) ба хоки Э. дарорад; дар як вакт ба ин чо кушуни Англия, ох. 1942 кисмхои харбии Америка низ даромаданд (баробари хотима ёфтани чанг кушунхои иттифокчиён аз Э. бароварда шуданд); сент. 1041 Ризошохи Пахлави тарки тахту точ намуд. Ба чои у писараш Мухаммад Ризошохи Пахлави ба тахт нишаст. Баъд аз Чанги дуюми чахони, торумор шудани Германияи фашисти ва Японияи миллитаристи, барои вусъат ёфтани харакати демократию зиддиимперыалисти с-хои 1945—46 дар Э. шароит мухайё шуд. Ба ин харакат Партияи халкии Эрон (ПХЭ, Хизби тудаи Эрон, таъсисаш 1941), ки давомдихандаи кори Партияи коммунистии Эрон (ПКЭ, таъсисаш 1920) буд, рохбари кард, аммо пахш карда шуд. С. 1951 дар бораи милли кунонидани саноати нефт конун баромад, аммо ичрои он аз тарафи реакцияи Э. бо ёрии империалистони Америка) Англия кать гардид. С. 1955 Э. ба пакти Багдод—СБИТО дохил шуд (с. 1979 аз он баромад). Дар авв. с-хои 60 муборизаи оммаи халк бар зидди дар Э. cap даровардани империализми хоричи ва барои озодии демократи пурзур гардид. Дар ин шароит хукумати подшохи бо максади пешгири кардани бухрони иктисодию сиёси ба як катор ислохот рох дод. Ислохоти аграри, сарфи назар аз махдудиятхояш, барои дар хочагии кишлок вусъат ёфтани муносибатхои капиталисти имкониятхои зарури фарохам овард. Дар саноат низ тагйироти мухим ба амал омад. С. 1978 харакати пурзури халки барои табаддулоти демократи ва нест кардани мутлакият ба вучуд омад, ки ба революцияи зидди империалисти, милли-озодихохона мубаддал шуд. С. 1979 Республикаи Исломи эълон карда шуд. С-хои 60—70 дар бораи хамкории иктисоди бо СССР созишномахо баста шуда буд.

iran

Э. мамлакати аграрию саноатнст. Дар иктисодиёташ саноати нефт мавкеи асоси дорад. Саноати истихрочи нефт (1973), банк, корхои сугурта ва корхонахои калони саноати (1979) милли кунонда шуд. Дар х. к. 42% ахолии кобили мехнат банд аст (1976). Заминхои киштукор кариб 19 млн га, кисми зиёдаш сунъи обёри мешавад, аз чумла ба бештар аз нисфаш галладона (гандум, чав, шоли — чамъоварии умуми кариб 9 млн т) ва зироатхои лубиёги, пахта (400—500 хаз. т), лаблабуи канд, тамоку мекоранд; мевачот, чормагз, ток, хурмо мепарваранд. Гусфанд (34,5 млн cap, с. 1983), буз (13,55 млн cap), моли калони шохдор (8828 хаз. cap), хар ва г. мепарваранд. Истихрочи нефт 255 млн т, 1978, чои 3-юм дар дунъёи капиталисти; (106 млн т. с. 1984), гази табии (44 млрд м3 с. 1979, 6,8 млрд м* с. 1984). Саноати коркарди нефт, бофандаги ва хурокворию адвиёт таракки кардааст. Корхонахои саноати металлургия, мошинсози, химияи нефт, цемент, коркарди чуб дар тараккист. Косибию хунарманди (колинбофи, мисгари, заргари ва г.) ривоч ёфтааст. Тули р. о. 4,6 хаз. км, 1984, роххои автомобилгард 115 хаз. км, наклиёти кубури хам хаст. Бандархои асоси: Анзали, Навшахр (дар б. Каспий). Ободон, Хуррамшахр, Бандари Аббос (дар хал. Форс). Ба хорича нефт ва махсулотн нефт, гилем, пахта, чарм, меваи хушк мебарорад. Шарикони асосии тичоратиащ: мамлакатхои социалистии Европа, мамлакатхои капиталистии Шарки Наздик ва Европаи Гарби, Япония мебошад. Вохиди пул — риал.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …