АБУХАНИФА Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон, мулаккаб ба «Имоми аъзам» ва «Сироч-ул-аимма» (699, Куфа – 767, Багдод), факех ва мутакаллими номвари ахди аввали ислом, поягузори равияи сунни ва муассиси мазхаби ханафия. Авлодаш аслан аз Балл буда, бобояш Умар ибни Хаммодро Зоуто ё Зути меномиданд. Ин калима дар забони авестои ва санскрит хондани суруду ниёишхои мазхабиро ифода мекунад ва Зардушт хам худро дар «Готхо»-и Авесто «зоутар» номидааст. У бо халифи чахоруми рошиди Али ибни Абитолиб ошнои дошта, ба у баъзан дар чашнхои наврузи хадяе такдим мекардааст.
Падари Абуханифа Собит тибки иттилои манокибнависон, дар Куфа нонвойхонае дошт, ки ризку рузии хонаводаро таъмин менамуд. Абуханифа дар чавони ба тичорат машгул буд ва дар дукони худ «хез» (порча, матоъ, либоси абрешими) мефурухт. Шугли бозаргонии у равнак дошт ва дукони у ба фурушгохи нисбатан бузурге табдил ёфта, маркази бузурги амонатгузори низ шуда буд, ки мардум молу маблагхои хангуфтеро ба амонат мегузоштанд. Тичорат ягона манбаи даромади Абуханифа буд. Фоидаи аз тичорат бадастомадаро на факат барои рузгори худ, балки барои кумак ба устодон, шогирдон ва дармондагону бенавоён сарф мекардааст.
Тачрибаи васли Абуханифа дар умури моли ба у басирати муфиде дар халли бисёр масоили факехию хукуки бахшидааст. Агар ба пайгирии фаъолияти омузиши ва касби улуми замона аз дидгохи Абуханифа пардозем, бояд кайд кард, ки тибки суханони худи у, Абуханифа аввал ба илми кироати Куръони карим ва тачвиди он машгул шуда, сипас ба омузиши дигар улуми диниву дунявии замона, аз кабили сарфу нахв, илми хадис ва шеъру адабу фалсафа шуруъ намуд. Дар чараёни ин омузиш аз бисёр факехону мутакаллимон, олимону донишмандон ва устодону ахди фазли замона – Омири Шаъби, Абуисхоки Шабеи, Ибни Абинучуд, Кайс ибни Мусаллам, Ибни Муртасид, Каттода ибни Даома, Молик ибни Динор илм омухт.
Барои омузиш ва такмили дониши худ такрибан 20 маротиба ба Басра сафар карда, бо олимону мутакаллимони ин шахр ба сухбат нишастааст ва худуди 50 маротиба тавофи Каъба намудааст. Дар ин сафархояш бо олимону шайхони машхури Хичоз, Макка ва Мадина – Робиа ибни Абуабдуррахмон, Ато ибни Абураббох, Имом Бокир, Абдуррахмони Аъроч, Мухаммади Мундакар, Ибни Шихоби Захри, Амр ибни Динор, Абдулзабири Макки ва дигаромулокот намуда, рочеъ ба масоили гуногуни улуми шаръию каломи ва хукуки ба бахсу андеша пардохтааст. Абуханифа аввали фаъолияташро аз омузиши илми калом сар кард ва ба дарачае расид, ки ахди фазл ба у ба унвони марчаъ ва хуччат менигаристанд.
Дар натичаи хамин чустучу ва хадафи асосии омузиш карор додани масоили акидатии доги он руз, ки илми калом нав давраи балогаташро аз сар мегузаронд, Абуханифа бо истифода аз дониши андухта аз устодони машхури худ ва табъу андешаи баланди илми дар бахсу мучодалаву мунокишахои каломи ширкат намуда, назари худро дар онхо озодона баён мекард. Хангоме ки Имоми Аъзам комилан вориди илми калом шуд, ба хуби фахмид, ки манфиати он барои у кам аст, аз ин ру, Абуханифа аз илми калом сарфи назар карда, ба омузиши сарфу нахву адаб ва аз худ намудани фанни шеър пардохт, вале окибати, онро ситоишу мадху хачв дарёфта, аз он низ даст кашид ва ба тахкики хадис пардохт.
Барои табакабандии хадис ва чамъоварии онхо вобаста ба мавзуъхои табакабандишуда замони тулони лозим буд ва чунин нуктаро низ Абуханифа дарк кард, ки агар хатое дар ин соха содир кунад, то рузи киёмат ин гунох ба гардани у хохад буд. Пас аз тааммули бисёр илми фикхро афзал тар аз хамаи улуми фавк арзёби намуд ва ба омузиши он пардохт. Ба фикри у, хар кадар ки вай ба умки ин илм мерасид, хамон кадар бузурги ва муфидии ин илм барояш бештар маълум мегардид. Бинобар ин, у бо уламо, машоих ва факехону ахди башар хамнишин шуда, ба омузиши фикхи исломи ба кулли дода шуд ва дар ин соха комёбии бузурге насибаш гардид.
Омили дигаре, ки Абуханифаро ба фикхи исломи машгул шудан водор мекард, он буд, ки дар чомеаи исломи дар замони хулафои рошиддин ва Умавия сил сила и масоили шаръию хукукие арзи вучуд намуданд, ки боиси ба вучуд омада- ни ихтилофи назархо ва пайдоиши фиркаву чараёнхои мазхаби дар дохили дини ислом гардиданд. Парешониву нобасомони ва чангу чидолхои дохили (чангхои Чамал, Сиффин, мухорибаи Нахравон) каламрави хилофатро фаро гирифта буд. Арзёбиву доварии чунин масъалахои умдаи ичтимоию сиёси ва акидахои мухталифи каломи аз назари шаръию хукукиро Абуханифа вазифаи мукаддаси худ мешуморад.
Чунин икдом супориш ва ё дастури хокиме аз тарафи хилофат набуд, балки амри дили олиму факехи сарсупурдае буд ва Абуханифа ба хотири такрор нашудани чунин ходисахо дар дохили хилофат ва пешгири аз нобасомонию чудоиандози дар чомеаи исломи даст ба чунин кори масъулиятнок зад ва чомеаро ба конунманди даъват намуд.
Агар аз як тараф дарку огохии Абуханифа аз авзои чомеаи чахони исломи ва саъю кушишаш барои зиндагии одилона ва мусолиматомези мусулмонон уро ба ин кор водор намуда бошад, аз тарафи дигар, таъсири амики устодаш дар илми факохат Хамод ибни Абисулаймон, ки 18 соли тамом дар доираи илмии у даре хонда, хамдаму хамнишини у шуда буд, хисси уро дар чунин сарсупурдаги дар фикхи (исломи бедор карда буд. У бар хилофи равишу шеваи «ахди хадис» шар халли масоили шаръию хукуки, бо он бардошти зехние, ки зимни омузиш касб намуда буд, аз дидгохи мактаби ирокии аклгароёна, ки маркази он дар шахри Куфа буд, назар кард.
Ахди Куфа Абуханифаро хамчун имому пешво ва хазинаи зиндаи илму ганчинаи фикх кабул карданд. Дар посух ба ин бовари 30 соли тамом захмат кашид, то мактаби факехии аклгароёнаи ирокиро хамчун маркази маорифи динии хилофат ба олами ислом муаррафи намояд ва онро дар асри 8 ба «Дор-ул-фикх»-и бузурги исломи табдил дихад.
Имоми Аъзам хамрохи шогирдонаш, ки машхуртарини онхо Абуюсуф Яъкуб ибни Иброхим ибни Хабиби Куфи ва Мухаммад ибни Хасани Шайбони мебошанд, тавонист, ки сабаби нобасомонихои аз давраи Усмон то ба замони эшон, мочарохои ичтимоию сиёси ва бахсхои мазхабию акидатии бавучудомадаро аз чихати хукуки арзёби намоянд ва дар давоми си сол пайваста ба тадрис, мутолиа, бахсу тахкик ва натичагари дар масоили шаръию хукуки машгул шавад. Мадрасае, ки Абуханифа рахбарии онро ба ухда дошт, хамрохи шогирдони бовафояш ба кавле ба 60 хазор ва ба кавли дигар ба 83 хазор масоили фикху посух гуфт, ки ин фатвохо дар чаридаи донишномаи фикхи исломи сабт шудаанд. Имоми Аъзам тамоми умри бобаракати худро ба тахкику омузиши масоили фикхи, каломи ва улуми шаръи сарф намуд. Ин шухрати у на факат дар халлу фасли масоили дини зохир мешуд, балки у хамчун аввалин олими сохаи маорифи исломи яке аз поягузорони асосии мазхаби ахди суннат ва чамоат гардид.
Хусусиятхои шахсии Абуханифа рочеъ ба такводори, пархезкори, ботамкини, саховатманди, хочатбарори, одобу рафтор ва муомилаи хуб, хатто тарзи либоспушии уро шогирдону манокибнависон ва бо истинод ба онхо, дигар мухаккикон дар осорашон бо хусни ният дарч намудаан. Ба Абуханифа вазифахои гуногун дар дарбори хилофат пешниход шудааст, аз чумла пешниходи Абуязиди Хубайра ба вазифаи козиги ё мутасаддии «байтулмол» (хазинаи хилофат), пешниходи Мансури Давонаки ба вазифаи козиюлкузот ва чандин пешниходхои дигарро номбар намудан мумкин аст. Вале у хамаи онхоро рад намуда, барон чунин рафтораш зачр кашидааст ва хатто тозиёна дидааст.
Барои напазируфтани вазифа окибат аз дасти Мансури Аббоси, ки уро ба хабс андохта буд, ба тарзи номаълум ин чахонро падруд гуфт. Турбати у дар Хучайрони Багдод аст, ки имруз бо номи «Хай-ул-аъзамия» машхур мебошад. То ба рузгори мо осори бевоситаи Абуханифа омада нарасидаанд ва бино ба кавли баъзе мухаккикон, шояд хам аслан вучуд надоштаанд. Вале шогирдони Абуханифа гуфтахо, суханронихо, хитобахо, мулохизахо ва раъю акоиди устоди худро чамъовари карда дар шакли китоб ба риштаи тахрир даровардаанд. Фатвохои у бештар ба калами худи Абуханифа мансуб будаанд. Осори чамъоваришуда, ки манокибнависони асрхои баъди низ ба онхо ишора намудаанд, аксаран ба мавзуъхои каломи, ахлоки ва дини бахшида шудаанд.
Мухимтарин асари у «Фикхи акбар» мебошад. Дар фехристи осори Абуханифа китоби «ал-Васоё» мавкеи махсус дорад, зеро он масоили даврахои охири фаъолияти Имоми Аъзамро дар бар гирифта, шомили чихатхои куллии мактаби ханафии ахли суннат ва чамоат мебошад. Дар он насихатхои Абуханифа ба шогирдон гирд оварда шудаанд. «Муснад»-и Абуханифа иборат аз мачмуи ходисахое мебошад, ки шогирдон ва пайравони баъдии у мураттаб сохтаанд. Асари нисбатан хурд, вале муътабари Имоми Аъзам «Рисола ило Усмон ал-Батти» мебошад, ки дар посух ба факех ва мутафаккири машхури Басра Усмон ибни Сулаймон ал-Батти (вафоташ 860) нигошта, назарн мурчигароёнаи худро ба таври ахсан дифоъ намудааст. «Ал- Олим ва-л-мутааллим» дорои саволу чавобхои зиёде байни устодону шогирдон дар бораи таълимоти ирчоии ханафия мебошад. Пайравони ин мазхаб онро дар асри 10 ба риштаи тахрир дароварданд. Ду матлаби чолиби таваччухест, ки мохиятан мавкеъ ва мавзеи Имоми Аъзамро дар ташаккули маорифи исломи ифода мекунанд. Масъалаи аввал аз он 102 иборат аст, ки у дар таълимоти худ аз хар гуна акидахои ифроти дури чуст ва дар байни чараёнхои гуногуни дорои хусусияти сиёсиву акидати мавкеи васатиро интихоб намуд. Ин амали у барои муттахид сохтани чомеаи ба гуруххо таксимшудаи исломи (хоричия, мурчиа, муътазила, шиа ва гайра), меъёри амал карор додани муносибатхои ичтимоию сиёси ва даст кашидан аз манфиату дархостхои гуруххои ифроти мусоидат кард.
Матлаби дуюме, ки ба он ишора шуд, марбут ба халлу фасли масоили шаръию хукукист. Ин масъала аз он чихат доро ахамият аст, ки Абуханифа ба усули тахкику баррасии суннати унсурхои тоза ворид намуд. «Асхоби хадис» танхо ду марчаи асли – Куръону суннатро дар умури шаръию хукуки истифода мебурданд, вале Абуханифа ба он киёс, истехсон, урфро дохил кард ва масоили ичмоъ ва фатворо такмил намуд. Он чи ба матлаби аввал тааллук дорад, Абуханифа хокими ростинро Худо медонад, ки Паёмбарро расули Худо бар хак мешуморад. Пас шариат ин конуни Худо ва паёмбари уст ва дигар конунхое, ки аз он бартару афзалтар бошанд, вучуд надоранд.
Вобаста ба хамин масъала Имоми Аъзам таърифи куфру имон, мазмуни гунохони кабираю сагира, икрору эътикод, амри маъруф ва нахи аз мункар, хусусиятхои султон ва муносибати у ба раият, хамчунин бахси чойгохи илохи ва кадим ё хадис будани Куръони каримро хамвора масоили хукуки, мероси, мадани, муносибатхои хонаводаги, оилави, маиши ва гайра ироа намуда, назари худро нисбат ба онхо баён кардааст. Онхо асоси таълимоти мазхаби сунни гардиданд. Ба фикри Абуханифа имон муродиф ба икрору эътикод аст, имон доштан, яъне «икрор шудан ва эътикод доштан ба Худову расул аст». Дар «ал-Васоё» у ин масъаларо бо мисолхо шарх дода, дар фасли аввали он навиштааст, ки «имон икрор кардан ба забон ва тасдик кардан бо дил аст.
Икрори танхо имон (хисоб) намешавад, зеро агар имон хисоб шавад, албатта хамаи мунофикон муъмин хисоб мешуданд. Асли имон зиёду кам намешавад, зеро нуксони имон бе зиёдшавии куфр тасаввур намешавад. Ва зиёдшавии имон бе камшавии куфр тасаввур намешавад (яъне як шахе хам кофир ва хам муъмин намешавад)». Рочеъ ба усули фикх Абуханифа ягонагии улою акоиди мучтахидону факехони сохибфатворо ичмоъ меномад, ки манбаъ ва марчаи сеюми фикхи исломи махсуб мешавад. Он дар замони хулафои рошиддин ба расмият даромада буд ва Абуханифа онро такмил дод. Марчаи сеюми фикхи исломи киёс аст, ки он манбаи нав воридкардаи Имоми Аъзам дар илми факохат мебошад. Дигар мазхабхои ахли суннат ва чамоат низ онро кабул намуданд.
Дар усули киёс Абуханифа танхо ба маърифати чизе, ки ахком ба он далолат мекунад, конеъ нашуда, ба васфе, ки барои он муассир ва хукми умуми ба ахком мебахшид, мавриди истифода карор дода, аз он натичагири мекард. Барои мисол, нушидани шароб дар дини ислом харом аст, ки дар ин бора дар ду манбаи асоси – Куръону суннат сухан рафтааст. Вале дар бораи нушидани оби чав (пиво) дар ин ду марча чизе гуфта нашудааст. Абуханифа аз руи киёси хукми аввал хулоса мебаровард, ки чун нушидани шароб ва оби чав ба нафси инсон зарар меоваранд ва махмуркунандаанд, яъне хар ду дорои як хусусиятанд, нушидани оби чав низ харом аст.
Истехсон ихтирои бузурги Абуханифа мебошад, ки онро маъмулан киёс бар киёс ё киёси дугона мехонанд ва хадаф аз он эхтиёту мувозибат ва ба иштибох рох надодан дар хукми шаръию хукуки мебошад. Рочеъ ба фатво каблан иттилооти мукаддамоти хамчун манбаи илми фикх ироа гардид. Яке аз аслхои мухиме, ки Имоми Аъзам хамчун манбаи фикх эълон кард, урф буд. Одату урфи мардум бо алокаи акли амри такроршаванда аст ва ба хамин сабаб онро сарфи назар намудан нашояд.
Хамин тарик Абуханифа ва пайравони мактаби у, ки дар адабиёти дини бо номи «асхоби раъй» маъруфанд, дар халлу фасли масоили бахсовари факехи хамчун марчаъ аз Куръону суннат, ичмоъ, киёс истифода мекарданд, сипас ру ба истехсон меоварданд ва дар онхо агар чизе пайдо накарданд, матлабро дар одати шойеъ дар байни мардум чустучу менамуданд, ки он бо истилохи «урф» машхур гардид. Барои чунин муносибат «асхоби хадис» Абуханифа ва шогирдони уро ба муносибати аклгароёна айбдор карда буданд. Вале Имоми Аъзам интикоди онхоро кабул надошт ва мавкеи васати ишгол намудани худро бори дигар бо суханонаш иброз дошт.
Бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон соли 2009 – Соли бузургдошти мутакаллим ва факехи намоёни ахди аввали Ислом, муассиси мазхаби Ханафия Имоми Аъзам Абуханифа дар Точикистон бо тантана чашн гирифта шуд, ки дар ин хамоиш кариб аз хамаи мамлакатхои дунёи Ислом намояндагони баландмартаба иштирок ва суханрони намуданд.
Ад.: Хазраткулов М., Ислом ва Абуханифа. Д., 2009; Абулфутух Мухаммад ибни Абулкарими Шахристони: Ал-милал ва н-нихал, Т., 1350; Абумансур Абдулкохири Багдоди, Таърихи мазохиби ислом ё тарчимаи «Фарк байн-ал-фирак», Табрез, 1333; Маделунг, Фиркахои исломи, Т., 1377; Таърихи фалсафа дар ислом, бо кушиши М. Шариф, ч. 1 Т., 1362; ч. 2, Т., 1365; Доират-ул-маорифи бузурги исломи, ч. 8. Т., 1377; Саидризо Хусравшохи, Ил ал и зухури фирак ва мазохиби исломи, Т., 1341; Алиасгари Халаби, Таърихи илми калом дар Эрон ва чахони ислом, Т., 1376; Мулло Али ибн Султон Мухаммад Ал-кори, Шарх-ул-фикх-ал-акбар, Д., 2008; Мухаммад
Абузахра, Абуханифа,хаётихи,асрихи,ороихи ва фикхихи, Кахира, 1997.
М. Хазраткулов.