Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Лоик Шерали

Лоик Шерали

ЛОИК ШЕРАЛИ (тахалусаш «Лоик») шоири барчастаи точик. Лоик санаи 20.5.1941 дар дехаи Мазори Шарифи нохияи Панчакент таваллуд шуда санаи 30-юми июни 2000-ум сол дар ш. Душанбе вафот кард ва уро дар оромгохи Лучоб дафн карданд.

ЛОИК ШЕРАЛИ

Лоик Шерали аз оилаи дехкон буд. Аъзои хизби партияи комунисти аз соли 1972 буд. Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченко шахри Душанберо соли 1961 хатм кард. Мухаррири шуъбаи мусики, адаби ва драмавии Комитети радио ва телевизион (1963—65), ходими адабии газетаи «Комсомол» Точикистон» (1965-66), мудири шуъбаи назми журнали «Садои Шарк» (1907—75) буд. Аз соли 1975 мушовири адабии ИН Точикистон.

loiq_sherali_02

Аз соли 1979 котиби Раёсати ИН Точикистон ва сармухаррири журнали «Садои Шарк». Мачмуаи аввалинаш — «Сари сабз» (1960). Сипас ашъори Лоик дар китоби шеърхои «Илхом» (1968) ва «Нушбод» (1971), «Ташнадил» (1974, ба хуруфоти араби) ба табъ расид. Китоби «Сохплхо» (1972) силсилаи рубоиёти «Чоми Хайём» ва дигар шеърхои Лоикро дарбар мегирад. Инсон макому эътибори у, муносибати шахс ва чамъият, хаёт ва марг ва дигар масъалахои, мухими зиндаги мавзуи асосии рубоиёти уст. Рубоиёти Лоик Шерали ба инкишофи жанри рубои дар назми муосири точик мусоидат кард.

Лоик дар васфи модар як силсила шеърхои маргубе навишт, ки бо номи «Модарнома» машхуранд. Дар китоби Лоик «Хоки Ватан» (1975) тасвири хиради халк, обу хоки Ватан ва муборизаву чонфишонихои фарзандони бузурги он макоми калон дорад. Лоик ба таърихи маънавии гузаштаи халк таваччухи зиёде зохир менамояд. Силсилаи «Илхом аз «Шохнома», «Резаборон» ва дигар шеърхои солхои охири Лоик дар китоби «Марди рох» (1978) гирд оварда шудаанд.

Шеъру назмхои Лоик Шерали хело зиёд барои мардум писан даст ва бахусус сарояндагони машхури точик ба мисоли Чурабаек Муродов, Боходур Неъматов, Кароматулло Курбонов, Садриддин Начмиддин, Хасан Хайдар ва дигарон аз ашъори ин шоири бузург истифода мебаранд.

Китоби Лоик Шерали (Кулиёт)
Китоби Лоик (Кулиёт)

Лоик шоири замони нави точикон буда, ашъораш мазмуни баланди ичтимои ва фалсафи дорад. Се китоби шеърхои у ба забони руси нашр гардид: «Улыбка зари» («Шафаки субх», Д., 1969), «Завещанная земля» («Замини мероси», М., 1971), «Струны дождя» («Сими борон», М., 1978). Шеърхои Лоик ба забонхои хоричи тарчума шудаанд. Лоик дар тарчума низ иштирок дошт: «Савтхои форси»-и С. Есении, кисме аз «Девони гарбу-шарки»-и Гёте, «Тиру камон»-и С. Капутикяи, «Андешахои рох»-и Э. Межелайтпс, «Шамшери худо»-и Д. Кулиев, «Гулафшон»-и С. Есении (хамрохи Бозор Собир), китоби очеркхои нависандаи булгор Йордан Милов «Диёри домани гардун», пьесаи манзуми Г. Птицын «Хусраву Ширин», шеърхои М. Светлов, Р. Гамзатов, Е. Евтушенко ва дигаронро байни солхои 1965—80 ба точики тарчума кардааст.

Лоик бо медали «Барои мехнати шучоатнок. Ба муносибати 100-солагии рузи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Точикистон ба номи Рудаки (1978).

Ба гуфти мардум ин Шоири бузург хусусияти ростгуи дошт ва ба сиёсатмадорон чандон хамфикр набуд ва аз ин лихоз нисбати онон ягон шеъри худро набахшидааст. Лоик дар мушкилихои охири хаёташ ки аз бемори тачассум меёфт аз душманони худ медид, ки яке аз он шоир “Аскар Хаким” будааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …