Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНЗОДА Мирзо

ТУРСУНЗОДА Мирзо

tursun-zade_m

ТУРСУНЗОДА Мирзо (2. 5. 1911, дехаи Каротог, хозира раёни Турсунзода—24. 9. 1977, Душанбе), шоири советии точик, ходими чамъияти, Кахрамони Мехнати Сосиалисти (1967), Шоири Халкии Точикистон (1961), академики Академияи Фанхои РСС Точикистон (1951). Аз оилаи дуредгар. Аъзои КПСС аз соли 1941. Узви Комитети Маказии Партияи Комунистии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон (аз соли 1946). Узви Иттифоки Нависандагони СССР (1934). Дорулмуаллимини Тошкентро хатм намуд (1930). Ба Душанбе баргашта, аввалан мудири шуъба, баъд котиби масъули газетаи «Чавонони Точикистон» (хозира «Комсомоли Точикистон») таъин шуд. Як муддат рохбари кисми бадеии Театри мусикии давлатии Ленинобод ба номи А. С. Пушкин буд. Соли 1935 ба Иттифоки Нависандагони Точикистон ба кор омад: мудири шуъбаи ташкили ва рохбари сексияи драматургия. Соли 1939 раиси Правленияи Иттифоки нависандагони Точикистон, соли 1942 сардори Главлит, соли 1944 сардори Управленияи санъати республика. Аз соли 1946 то охири умраш раиси Правленияи Иттифоки нависандагони Точикистон. Соли 1932 мачмуаи якуми шеър, очерк ва хикояхои у «Байраки зафар» аз чоп баромад. Соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва бахор» ба табъ расид. Турсунзода бо хамрохии А. Дехоти драмаи «Хусрав ва Ширин» (1936), либреттои аввалин операи миллии точик — «Шуриши Восеъ»-ро (1939, мусикии Баласанян) эчодкард. «Шуриши Восеъ», ки достони муборизаи кахрамононаи мардуми кухистони точик барои адолат ва бар зидди зулму ситам аст, барои инкишофи санъати операи точик рох кушод ва дар тараккиёти драматуртия накши намоён гузошт. Турсунзода дар эчоди асархои коллективонаи «Хатти заррин» ва «Оби хаёт» бо С. Айни, А. Дехоти ва Х. Юсуфи хамкори кардааст. Дар ин солхо самимияту хиссиёти баланд, забони соддаву равон, образхои анику аёни, навовари дар шаклу мазмун ва рукнхои мухимми услуби эчодии у карор гирифтанд. Мисоли равшани ин шеърхои «Хандида меояд», «Дар сари тасвир», «Бахор», <«Ба истикболи бахор» мебошанд. Дар шеъри «Ба В. И. Ленин» (1940) тамоми чузъиёт ва тасвири манзарахо ба гояи асоси — муборизан дохи дар рохи озодии мехнаткашон, ягонагии Ленин — Халк—Партия тобеъ буда, мохияти революционии чахонбинии шоирро равшан ифода кардаанд. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941— 45) мавзуи ватандусти дар ашъори Турсунзода боз хам вусъат ёфта, андешахои ватандустонаи шоир бо гояхои инсониятпарвари, дустии халкхо ва интернасиопализми пролетари бой гардид, эчодиёти у бо муборизаи диловаронаи мардуми совети бар зидди фашизм робитаи устувор пайдо кард. Дар хифзи Ватан ба по хесвани мардуми совети («Хайр, модари азиз»), муборизаи диловарона ва корнамоихои беназири чанговарон дар майдони корзор («Хотираи капитан» ва «Баходури точик»), дустию рафокат, хаммаслакии одамони совети ва гамхории хамширахои мушфик ба чанговарон («Хамширахо»), дустии миллатхои социалисти («Рохи охан»), ягонагии халку Ватан ва халку Армияи Совети («Харгиз», «Ба чанг»), мехнати ватандустона ва бунёдкоронаи мардуми акибгох, («Офарин»)—чунинанд доираи мавзуъхои ашъори Турсунзода дар он давра. Калонтарин асари Турсунзода дар он солхо достони «Писари Ватан» (1942) мебошад. Мавзуи достон иштироки фарзандони точик дар Чанги Бузурги Ватани, муборизаи фаъолонаи онхо ба мукобили фашистони истилогар ва дар чараёни ин мубориза боз хам кавию мустахкамтар гардидани дустии халкхои советист.
Дар образи кахрамонони достон Кодир, Саодат, Микола ва Марина бехтарин хислатхои чавонони со вети ифода гардидааст. Онхо муборизу фидокор ва содику вафодор буда, хама якчоя образи халкро ба вучуд овардаанд. Ба ин маъни дар достон хам мехнати диловаронаи халки точик дар акибгох ва хам муборизаи кахрамононаи он ба мукобили фашистони истилогар хеле равшан тасвир ёфтааст. Образи писари точик Кодир ва Миколаи украин, чаррохи рус, ки чашмоии Кодирро даво кардааст, тимсоли дустии вайроннашавандаи миллатхои социалистист. «Писари Ватан» ба эътибори шаклу мазмуни худ низ яке аз бехтарин асархои адабиёти точик дар давраи Чанги Бузурги Ватани ба шумор меравад. Дар дигар асари калони у «Барои Ватан» (1942), ки бо хамрохии А. Дехоти навиштааст, садокату вафодории чанговарони совети ба халку Ватан ба риштаи назм кашида шудааст. Либреттои «Тохир ва Зухро» (1944) низ одамони советиро бар зидди горатгарони ачнаби ба муборизаи далерона сафарбар мекард. Эчодисти Турсунзода пас аз Чанги Бузурги Ватани тимсоли инкишофи адабиёти точик, алалхусус, назми он мебошад. «Арус аз Москва» (1945), «Водии Хисор» (1947), силсилаи шеърхои «Киссаи Хиндустон» (1947), «Ман аз Шарки озод» (1951), «Дар кишвари точик», «Садои Осие» (1956) ва гайра аз чумлаи асархои пурмазмун ва баландгояи Турсунзода хисоб меёбанд. Ин асархо, ки чихатхои мухимми зиндагии халки точик ва хаёти кишвархои хоричиро фаро гирифтаанд, ахамияти калони милли ва интернаснонали доранд. Дар ин давра мехнати чоннисоронаи халки точик («Ба депутат», «Аз Бадахшон то Кремл», «Ба посбони ганчинахо»), хизмати содикона ба халку Ватан ва рохбарии Партияи Коммунисти ба муваффакиятхои рузафзуни одамони совети («Шаби котиби райком»), дустии вайроннашавандаи миллатхои сосиалисти, алалхусус, халкхои русу точик («Арус аз Москва», «Укоб» ва гайра) дар эчодиёти Турсунзода мавкеи намоён доштанд. Дар манзумаи «Вакт ва коммунист» (1951) Турсунзода коммунист-ходими партиявиро «намаку шираи замин» ва «решаи матини умр»-и инсон дониста, макоми коммунистонро дар пешравии хаёти халк нишон додааст. Дар эчодиёти Турсунзода пас аз аввалин сафари у ба хорича — иштироки шоир дар Конференсияи нависандагони мамлакатхои Осиё ва Африка (Дехли, марти 1947) тагйироти намоён ба амал омад. Асархои аз хаёти мардуми хорича навиштаи Турсунзода хам ба эътибори мундарича ва хам ба эътибори шакли бадеии худ кашфиёти мухимми эчоди дар назми точик давраи нав буданд. «Киссаи Хиндустон», ки аввалин силсилаи шеърхои Турсунзода дар мавзуи хоричи буда, хаёти халки хиндуро пеш аз ба даст овардани истиклолияти миллии Хиндустон тасвир менамояд, аз ду кисм иборат аст: ба кисми якум, ки соли 1947 навишта шудааст, шеърхои «Бозгашт», «Киссаи Хиндустон», «Мехмони магриби», «Руди Ганг», «Боги муаллак», «Тара Чандри» ва «Дар ёди кас» тааллук доранд Ба кисми дуюм силсилаи шеърхои «Сайёхи хинд», «Точмахал», «Дар орзуи ошён», «Кадахи ман», «Кулохи профессор Ахвледиани» ва «Ду рох» медароянд, ки дар давоми солхои 1948—49 навишта шудаанд. Ин шеърхо аз чихати мавзуъ ва предмети тасвир гуногун бошанд хам, аз чихати гояи баланди инсониятпарвари ва интернационализми пролетари, фош ва танкиди империалистони хоричи, даъвати халки ранчбар ба муборизаи озодихохона ва боварии комили шоир ба истиклолияти миллии мехнаткашони Шарки хамсоя ва тарзи тасвири реалистии хаёт дар байни онхо умумияте вучуд дорад. Дар достон баробари нишон додани хаёти мазлумонаи мардуми ранчбари Хинд ва зулму асорати мустамликадорони антлис кушишхои озодихохонаи мехнаткашон, манзарахои дилфиреби Хиндустон, осори оличаноби санъати халки хинду низ васф шудааст. Шоир аз санъати тазод мохирона истифода бурда, мохияти аслии амалиёти мустамликахохони хоричиро фош намудааст. Як хусусияти «Киссаи Хиндустон» ин аст, ки хама шеърхои силсила бо даъвати рухбаландкунанда анчом ёфтаанд. Хусусияти дигари ашьори у ин аст, ки шоир зимни тасвири хаёти дигар халкхо дар бораи Иттифоки Совети ва мардуми озоди мамлакати советхо сухан ронда, хушбахтии халки точик ва ободию озодии кишвари худро таъкид карда, афзалияти сохти сосиалистиро нишон медихад. Ин маъни, хусусан дар манзумахои «Точмахал» ва «Ду рох» равшан ифода ёфвааст. Соли 1950 Турсунзода хамрохи адибони совети Н. Тихонов, А. Сафронов ва Ойбек ба Покистон сафар карда, «Ман аз Шарки озод», «Чашмхо», «Киссаи машхур» ва «Чарогхои ватан» барин шеърхо навишт. Ин асархоро аз руи мундаричаи гоявиашон давоми мантикии «Киссаи Хиндустон» шуморидап мумкин аст. Ин чо диккати шоирро низоу нифоке, ки империалистони хоричи ва буржуазияи дохили дар байни халкхои Хиндустон ва Покистон барангехта, онхоро аз муборизаи якчоя бозмедоштанд ва зиёдтар истисмор менамуданд, ба худ кашидааст. Шоир дар шеъри «Ман аз Шарки озод» бевосита ба мардуми ранчбари як мамлакат мурочиат карда, сабабхои асосии мазлуми, ошуфтаги ва хакирию мустамандии онхоро фахмондааст. Як хусусияти «Ман аз Шарки озод» дар хамин аст, ки шоир баробари мукоисаи Шарки хоричи бо Шарки совети бедори ва муборизаи халки мазлуми мамлакатхои дигарро низ нишондодааст. Манзумаи «Чашмхо» аз мехру мухаббати мардуми озодихохи мамлакатхои дигар ба ахли Ватани мо ва муборизаи халки совети барои сулху амният хикоят мекунад. Силсила бо шеъри «Чарогхои ваган», ки дар он хиссиёти бузурги ватандустии шоир ифода ёфтааст, ба итмом мерасад. Дар шеърхое, ки Турсунзода доир ба мавзуи байналхалки навиштааст, образи кахрамони лирики мавкеи калони композисиони дорад. Ба туфайли ин образ он шеърхо бо хам сахт пайванд ёфта, манзараи умумият додашудаи зиддият ва задухурди куввахои мутаракки ва иртичоиро инъикос кардаанд. Шеърхои «Накши пой», «Халкаи заррин» ва силсилаи «Бо чашмони ту», ки намунаи лирикаи Турсунзода мебошанд, аз доираи эхсосоти шахси берун баромада, хиссиёти ватандустии кахрамони лирикиро низ ифода кардаанд.
Соли 1954 достони машхури Турсунзода «Хасани аробакаш» ба табъ расид. Дар достон бисёр хусусиятхои эчодиёти шоир — кушиши мухимтарин руйдодхои хаёти халкро акс додан, ба вучуд овардани образхои барчастаи типи, оммафахмии тасвир, эчодкорона инкишоф додани анъанахои достонсароии классики ва робита бо эчодиёти халк, истифодаи тачрибаи адабиёти рус ва гайра ифода ёфтанд. Фаъолияти кахрамони асосии достон — Хасан дар давраи мустахкам кардани хокимияти чавони совети ва чори шудани гояхои сосиализм дар хаёт ва шуури халки точик мегузарад. Хасан образи типии он захматкашонест, ки табиати духела — мехнаткаши ва майдамолики доштанд. Онхо софдилона мехнат мекарданд, вале хамчун яккадаст моликияти хусусиро мепарвариданд. Турсунзода фикру андеша, шубха, хиссу хаячон ва умуман олами ботинии Хасанро хамчун типи ичтимоие, ки ба мехнати коллективи бо душворихои зиёд мегузаштанд, мохирона тасвир кардааст. Дар достон муборизаи наву кухна, зиддияти психологияи моликияти хусусипярвари ва коллективи бо санъати тазоду мукобила, бо рохи ба мехнати яккадасти мукобил гузоштани мошину поезд ва бар хилофи харобию ноободихое, ки аз феодализм боки монда буд, торафт обод шуда, симои худро тагйир додани Точикистои тасвир ёфтааст, Образи Хасан характери мукаммали типист. Раиси колхоз, ки марди хирадманд, ташкилотчи ва тарбиятгарест, махбубаи Хасан — муаллима Садаф, ки тачассуми озоди ва инкишофи маънавии занон дар шароити сосиалиэм мебошад, духтур Иван Кузмич, ки далели мададгории халки рус ба мардуми точик аст, образи Хасанро пурратар кардаанд. Дар достон образи муаллиф — киссапардоз мавкеи мухим дорад. Дар достонхри Турсунзода «Садои Осиё» (1956), «Духтари мукаддас» (1957), «Чароги абади» (1958), «Чони ширин» (1960) масъалахои гуманизм ва интернасионализм ба миён гузошта шудаанд. Дар ин достонхо ягонагии тафаккур ва амал чун шарти мухимми интериационализм зухур кардааст. Дар «Садои Осиё» шоири хакикатнигор, инсонпарвар ва фарзанди содики Шарк муборизаи ранчбарони мамлакатхои Осиёро ба риштаи назм кашидааст. Шоир муборизаи ду чахон—чахони истибдоди фаношаванда ва чахони ранчбарони музаффарро тасвир намуда, галабаи мехнаткашонро падидаи ногузир мешуморад. «Чароги абади», ки достони лирикию фалсафист, ба ёди Айни таълиф ёфгааст. Дар он хамаги як субхи мохи апрел — таваллуди фарзанд ва мулокоти шоир бо Айни тасвир шудааст. Дар достон эхтироми беандозаи шоир нисбат ба Айни хеле самимона ифода шудааст. «Духтари мукаддас» достони лирикию эпикист ва ин тарзи тасвир барои офаридани образи аники духтари адолатхохи хинду шакли басе мувофик аст. «Духтари мукаддас» аз чихати мазмун давоми мантикии «Тара- Чандри» аст, ки масъалаи иштироки занони хиндуро дар рохи мубориза 5арои сулху дустии халкхо ва пешгири кардани чанг мавриди тадкики адаби карор додааст. Мавзуи асосии достони «Чони ширин» хам муборизаи халкхои Шарк, озоди, истиклолияти милли ва сулху дустист. Ин чо шоир дар бораи сулху салох, дустию вахдат ва макоми бузурги одамони совети дар рохи баркарор намудаяи сулху хамкории мехнаткашон бо хиссиёти баланд сухан рондааст. Турсунзода дар достон ба инкишофи маънавии халк ва мавкеи он дар халли мухимтарип масъалахои замони хозира диккати чидди додааст ва ин бесабаб хам нест, зеро кахрамони лирикии достон ходими бузурги чамъияти, муборизи матини рохи сулху дустии халкхост. Фикру зикри кахрамони лирикии достонро масъалаи зиндагонии осоиштаи халкхои олам ва имрузу фардои онхо фаро гирифтааст, ки ин хиссиёти пурхарорати интернасионалии уро ифода менамояд. Хусусияти дигари кахрамони достон, ки гояхои ватандустоваи шоирро ифода менамояд, аз он иборат аст, ки у хамеша ба ёди диёри худ зиндаги мекунад ва дар кадом китъаи олам, ки бошад, худро аз мамлакати совети, аз Точикистони азиз чудо тасаввур намекунад. Забони достон хам хеле соддаву равон буда, тафаккури амики шоирро ифода намудааст. Бисёр суханхои у дар шакли хикматхои халкии точики баён гардидаанд. Турсунзода оид ба масъалахои мухимми хаёти имруза сухан ронда, ба макоми баланди зани точик дар чамъият низ диккат додааст. Шоир занро хамчун узви чудонашавандаи чамъият ва сарчашмаи хаёти безавол тасвир намуда, иштироки уро дар идораи давлат чун зухуроти озоди ва истиклолияти халкхои дунё, ба мукобили оташдихандагони чанг ва империализми байналхалки гувохи медиханд. Турсунзода таргибгари гояхои бузурги партия ва сарояндаи мехнату муборизаи халк буд ва то охир ба идеалхои олии коммулисти содик монд. Эътикоди кавви ва мехру мухаббати шоир ба гояхои хаётбахши партия дар шеъри программавии у «Савганд» (1961) хеле барчаста зухур кардааст. Асархояш ба бисёр забонхои хоричи тарчума шудаанд. Шеърхои Н. А. Некрасов «Рохи охан» (1938),Т. Г. Шевченко «Васият» (1939),А. С. Пушкин «Абр» (1949) ва дигарон адибони русу шоирони республикахои бародарро ба забони точики тарчума кардааст. Аз руи сенарияи Турсунзода ва И. Филимонова филми бадеии «Хасани аробакаш» (1966) ва «Бо амри дил» (1968) офарида шудаанд. Соли 1975 аа руи достови у «Аз Ганг то Кремл» филми бадеии «Субхи Ганг» ба миён омад. Лауреати мукофотхои давлати (1948) ва ленини (1960), Лауреати мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки (1963), Лауреати мукофоти байналхалкии Чавохирлол Нехру (1968), Лауреати мукофоти комсомоли левинии Точикистон (1971), депутати Совети Олии СССР (даъватхои 2—9), котиби Иттифоки Нависандагони СССР (аз соли 1959), раиси Комитети советии якдилии мамлакатхои Осиё ва Африка, аъзои Президиуми Совети Умумичахонии сулх. Бо 4 ордени Ленин, ордени Революсияи Октябр, 3 ордени Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони фахри», ордени Республикаи Халкии Булгория «Кирилл ва Мефодий», медали Чамол Абдунносир ва гайра мукофотонида шудааст. Соли 1974 ба «Медали тиллои Комитети советии мудофиаи сулх» мушарраф гардид. Макбарааш дар Лучоб (шахри Душанбе). Барои абади гардонидани хотиран Турсунзода Хонаи адибони Иттифоки Нависандагони Точикистон, Институти санъат, раёни Регар ва шахри Регар номи Турсунзодаро гирифтанд. Ба муносибати 70-солагии зодрузи шоир дар шахри Турсунзода хайкали у гузошта шуд. Дар Ленинобод (кучаи Ленин, 12) ду хона-музей ва дар Душанбе (кучаи Карл Маркс, 79) музеи адабию ёдгории Турсунзода ба кор даромаданд. Соли 1980 кухнавардон яке аз куллахои баланди Помирро кашф карда куллаи Турсунзодар ном ниходанд. Иттифоки нависандагони СССР, Комитети Советии якдилии мамлакатхои Осиё ва Африка мукофоти адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Институти санъати Точикистон стипендияи ба номи Турсунзодаро таъсис намуданд.
Осор: Куллиёт, чилди 1-4, Душанбе, 1971-1985; Вечнчй свет. Стихотворения и поэми, Москва, 1969; Избрание произведения, том 1-2 Москва, 1971; Мой век, Москва, 1973; Асархои мунтахаб, чилдхои 1-2, Душанбе, 1980; Планета человечества, Душанбе, 1980.
Адабиёт: Бобоев Ю. Сипахсолори назм, Душанбе, 1971; Сайфуллоев А. Мирзо Турсунзода, Душанбе, 1984; Мирзо-Турсунзаде. Библиографический укузател, Душанбе 1981. А.Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.