Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАНСЛИТЕРАЦИЯ

ТРАНСЛИТЕРАЦИЯ

ТРАНСЛИТЕРАЦИЯ (аз лотини (trans байни, ба воситаи ва litera — харф), аз як алифбо ба алифбои дигар (масалан, аз алифбои араби ба точики, аз лотини ба руси ё баръакс) баргардонидани матнро гуянд. Дар транслитерасия асосан ба харфхо эътибор дода, овозхо кам ба назар гирифта мешаванд. Масалан, калимахои хуруфоти арабии шакл, донш, др транслитерасия мешаванд. Транслитерасия аз транскрипсия бо хусусияти универсалиаш фарк мекунад.

transliteraciya

Хадафи он на забони чудогона, балки графикаи алохидаест. Дар транслитерасия ба гайр аз аломатхои ин ё он алифбои милли, аломатхои махсуси диакритики истифода мешавадд. Транслитерасия вобаста ба хусусияти забонхо баъзе душворихо дорад. Масалан, баъзе калимахоро аз алифбое ба алифбое (масалан, транслитерасияи калимахои Садриддин, Одина, Москва бо харфхои лотини Sadriddin Odina, Моskwa), гардондан чандон душвор нест. Вале транслитерасияи калимахои Дохунда, Исхоки (Dоkgunda, Ishoqi) ё транслитерасияи калимахои Саъди ва Хаким ба алифбои руси (Саади, Хаким) душвортар аст. Аз ин ру чое, ки татбики транслитерасия имкон надорад, ё гараз аз баргардонидани калима инъикоси тарзи талаффузи он бошад, аз транскрипсияи амали истифода мекунанд.
Адабиёт: 3индер Л. Р., Общая фонетика, Москва, 1979.
X. Курбонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …