Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТИББИ АКБАРИ»

«ТИББИ АКБАРИ»

«ТИББИ АКБАРИ» Рисолаи тиббиест, ки табиби маъруфи точикзабони Хиндустон Мухаммадакбар ибни Мирхочии Мухаммадмуким солхои 1112—13 хичри (1700—01) мелоди таълиф кардааст. Ин асар соли 1875 дар Хиндустоп чоп шуд; иборат аз мукаддима, 24 фасл, лугатнома ва хотима аст. Хар як фасли он доир ба беморихои узвхои алохидаи бадан ва усулу воситахои муоличаи онхо маълумот медихад. Дар фасли бавосир зиёда аз 20 навъ бемори, аз чумла бодомшакл, анчиршакл, донашакл, нахудшакл ва гайра номбар шудааст, ки аксар маълумотхо дар дигар китобхои тибби во намехуранд. Ба фикри муаллифи асар хангоми ташхиси беморихо табибон бояд сохт (анатомия)-и узвхо ва фаъолияти физиологии онхоро хуб доданд. Дар хар боби китоб мавзуъоти чадид шарх меёбад. Баъд оид ба тарзи шинохтани беморихои сар, чашму гуш, меъда, чигар, рудахо, пуст ва гайра аз руи аломату нишонахо маълумот меоварад. Чунон ки аз ишороти муаллиф бармеояд, дар таснифи усулу давохои беморихои гуногун, аз “Ал-Конун”-и Абуалии Сино, «Захираи Хоразмшохи»-и Чурчони, «Мучаз-ул-конун»-и Алоуддин Али ва гайра истифода кардааст.
Ю. Нуралиев, А. Алимарвонов.8

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.