Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ФАХРИ»

«ТАЪРИХИ ФАХРИ»

«ТАЪРИХИ ФАХРИ» номи пуррааш «Мунъат-ул-фузало фи таворих-ил-хулафо ва-л-вузаро», асари Сафуддин Мухаммад ибни Алии маъруф ба Ибни Тактако, ки соли 1302 ба забони араби таълиф шудааст. «Таърихи Фахри» аз ду боб — боби аввал тарзи мамлакатдории подшохонро баён карда, боби дуввум таърихи хукмронии сулолахои Фотимиён, Оли Буя, Салчукиён ва таърихи халифахои арабро (аз пайдошп то бархамхурии онхо) дар бар мегирад. Дар таълифи китоб ба «Таърих-ул- комил»-я Ибни Асир такя шудааст.
«Таърихи Фахри» барои омузиши таърихи хукмронии халифахои араб, вокеахои сиёсию таърихии замони муаллиф маъхази пуркиматест. Адиб ва муаррихи форс-точик Мухаммад ибни Хиндушохи Нахчувони баъди 22 соли таълифи «Таърихи Фахри» онро бо номи «Тачоруб-ус-салаф» ба забони форси-точики тарчума кардааст. Матни арабии «Таърихи Фахри» солхои 1860 дар Гота (РДГ), 1895 дар Париж, 1900 ва 1923 дар Кохира нашр гардид, соли 1910 ба франсави тарчума шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.