Маълумоти охирин

ТАРХУН

ТАРХУН (соли таваллуд номаълум — вафот 710, Самарканд), ихшиди Сугд. Дар ахди Тархун Кутайба ибни Муслим ба Мовароуннахр хучум кард. У соли 709 бо кувваи зиёд аз дрёи Аму гузашта ба Бухоро наздик шуд. Тархун хамрохи туркхо ба мадади хокими Бухоро шитофт. Лекид ба суханоии чосуси Кутайба, ки гуё арабхо ба зуди аз Мовароуннахр мераванду туркхо ба Сугд хучум оварда онро ишгол мекунанд, фирефта шуда, бо маслихати душман бо арабхо сулх баст. Дар натича иттифоки зиддиарабхо пароканда гашта, Кутайба Бухороро ба осони ба даст даровард.
Тархун барои аз хучуми арабхо эмин доштани Сугд бо Кутайба шартнома баста, ухдадор шуд, ки хар сол хироч медихад. Кутайба баъди як сол бародари худ Абдуррахмонро барои ситонидани хироч ба Самарканд фиристод. Тархун мачбур шуд, ки хироч дихад. Ин норозигии ашрофи Самаркандро ба вучуд овард. Дар натича онхо Тархунро аз тахт ронда, ба чои у Гуракро ихшид таъин намуданд. Тархун худро кушт.
У. Назиров, А. Валиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.