Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Шахри РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО

Шахри РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО

РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО, шахрест дар Бразилия,- маркази маъмурии штати Рио-де-Жанейро. Дар сохили халичаки Гуянабараи укёнуси Атлантик вокеъ аст. Иклимаш тропики, харорати миёнаи январи 26°Селсия, июл 21°Селсия, боришоти солона 1100 миллиметр. Ахолиаш якчоя бо атрофи шахр 9153,5 хазор нафар (1980).

1470984806195551098
Рио-де-Жанейро мухимтарин маркази тичорату молия, саноат ва маданияти мамлакат аст. Узели калони наклиёт. Яке аз бандархои калонтарини Америкаи Чанубист. Ба воситаи бандар кахва, канд, чарм, чуби киматбахо, пахта, мева, маъдан ва аз хорича ангишт, нефт, семент, мошинхои гуногун, гандум ва гайра кашонда мешавад. 2 аэропорти байналхалки дорад. Рио-де-Жанейро 1/10 хиссаи махсулоти саноатии Бразилияро медихад. Махсусан саноати мошин- сози (аз чумла киштисози), металлурги, коркарди металл, химия, кор- карди нефт, бофандаги, чарму пойафзол, чубгари, хуроквори ривоч ёфтааст. Фабрикахои сайкалдихии алмос мавчуданд. Аз соли 1970 метрополитен кор мекунад. Дар шахр банкхон калолтарин, правланияи чамъиятхои аксионери, идораи ширкатхои тичоратию саноати чой гирифтаанд.
Рио-де-Жанейро 6 университети маркази тадкикоти географи (1951), Академияи адабиёти Бразилия, Комигтети милли оид ба энергияи атом, обсерватория, китобхонахои калон, 25 институти тадкикоти илми, зиёда аз 20 чамъияти илми, боги ботаники, музейхо (аз чумла Музеи географии Бразилия, Музеи миллии саноеи нафиса ва гайра), театрхо, консерватория (1942) дорад. Дар маркази шахр ёдгорихои меъмории асрхои 16-19 боки мондаанд. Рио-де-Жанейро маркази калони туризм мебошад.

Мохи январи 1502 бахрнавардони португали халичаки Гуанабараро резишгохи дарёи калоне пиндошта, ба он Шоде 1апе1го — «дарёи январ» ном ниходанд. Аввалхои соли 1531 португалихо дар сохилхои халичак истехкоми Рио-де-Жанейроро сохтанд. Соли 1567 шахр-калъа ба шарафи шохи Португалия Себастяни I Сан-Себастян-ду-Риу-ди-Жанейру номида шуд. Аз соли 1763 Рио-де-Жанейро пойтахти ноибшохии Бразилия буд. Пас аз сохибихтиёрии Бразилия (1822) Рио-де-Жанейро пойтахти империяи Бразилия ва солхои 1889—1960 пойтахти республикаи Бразилия гардид.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …