Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ШУРОИ ДЕПУТАТХОИ МУСУЛМОН

ШУРОИ ДЕПУТАТХОИ МУСУЛМОН

СОВЕТИ ДЕПУТАТХОИ МУСУЛМОН, ташкилоти миллии револютсиони-демократи, ки май — июни 1917 дар зери таъсири Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо дар шахрхои Осиёи Миёна ташкил ёфтанд. Онхо камбагалони шахр, коргарони махалли, хунармандон ва дехкононро дар бар мегирифтанд. Совети депутатхои мусулмон дар Тошкент, Самарканд, Куканд, Хучанд. Уротеппа ва дигар шахрхо бо номи «Совети мехнаткашони мусулмон», «Иттифоки мехнаткашони мусулмон», «Совети мардикорони акибгох», «Совети депутатхои мардикорон» ва гайра. таъсис гардиданд.

Совети депутатхои мусулмон аз рузхои аввали ташкил ёфтани худ дар дигаргунсозихои револютсиони, муборизаи зидди душманон, ханнотон, химояи манфиатхои камбагалон корхои зиёцеро анчом доданд. Онхо бо рохбарии болшевикон мехнаткашони шахру дехотро барои барпо кардани Хокимияти Советхо сафарбар менамуданд. Синфи коргар дар рафти муборизаи зидди истисморгарон бовари хосил кард, ки танхо дар сурати муташаккилии интернатсионалии хамаи мехнаткашон галаба ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин мувофики «Низомномаи советхои депутатхои махаллии коргарон, солдатхо ва дехконон»-и СЮС Туркистон (10 декабри 1917) хамаи советхои Хучанд 27 февр. 1917 мутта- хид шуданд. Дар Уротешта бошад. Советхои депутатхои коргарон, солдатхо ва мусулмонон 10 июни 1918 муттахид гардида, хокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Совети депутатхои мусулмон дар тарбияи сиёсии мехнаткашон, таргиби идеяхои Партяяи коммунисти мавкеи калон доштанд.

 

Адабиёт: История Коммунистических организаций Средней Азии, Ташкент, 1967.

  1. Холиков, Ш. Чалилов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …