СУКР (араби — мастии рухи), мархилаест аз макомоти тасаввуф, ки дар он солик аклу идрокро фаромуш карда, дар макоми фано махв мегардад. Муаллифи «Дастур-ул уламо» Сукрро кайфияти нафсонии солик донистааст, ки дар он ишку мухаббати у ба хак ба дарачаи нихои мерасад ва нафси худро пок намуда, ба мушохидаи чамоли махбуб мепардозад. Пайравони Боязиди Бистоми суфиёнро ба Сукр даъват менамуданд. Чунайди Багдоди тарафдорони Сукрро барои соликони рохи тарикат хатарнок шуморида, онхоро ба сахв таргиб мекард. Сукр ва сахв дар тасаввуф категорияхои мутазодеанд, ки дар онхо мухаккикони асрхои миёна худуди фаъолияти суфиёнро муайян намудаанд. М. Хазраткулов.
Инчунин кобед
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”
“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …