СТОЛЕТОВ Александр Григоревич (10. 8. 1839, Владимир —27. 5. 1896, Москва), физики рус. Аз оилаи савдогар. Соли 1860 Университети Москваро хатм кард. Солхои 1862—66 дар Берлин аз Г. Г. Магнус, дар Гейделберг аз Г. Кирхгоф, дар Готтанген аз В. Вебер тачриба омухт. Аз соли 1866 сар карда дар Университети Москва дарс гуфт (профессор аз соли 1873). Столетов асосан масъалахои электр ва магнетизмро тадкик кардааст. Соли 1876 нисбати вохидхои электромагнити ва электростатикиро чен карда, киматеро дарёфт, ки ба бузургии суръати нур наздик аст. Тачрибахои мазкур ва таклифи у дар боби андозагирии ин бузургии физики (таклифхои у дар конгресси якуми электротехникхо маъкул дониста шуд) ба тасдики назарияи электромагнитии рушнои мусоидат кард. Соли 1888 ба тадкики фотоэффекти беруна шуруъ кард. Ин тадкикот ба у шухрати чахани овард. Вай конуни якуми фотоэффектро (кувваи фоточараён ба интенсивияти рушноии афтанда мутаносиби роста аст) кашф вамуд. Имконияти дар фотометрия истифода бурдани фотоэффектро нишон дод. Фотоэлементро ихтироъ кард ва гайра. Солхои 1882—94 услубхои муайян кардани холатхои бухрониро тадкик намуд.
Яке аз бунедгузорони Институти физикаи Университети Москва мебошад.