Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЗИШНОМАИ МЮНХЕН

СОЗИШНОМАИ МЮНХЕН

sozishnomai-munxen

СОЗИШНОМАИ  МЮНХЕН, созишномаи ба кисмхо таксим намудани Чехословакия, ки онро сардороии хукуматхои Британияи Кабир (Н. Чемберден), Франсия (Э. Даладе), Германияи фашисти (А. Гитлер) ва Италияи фашисти (Б. Муссолини) 29 сентябри 1938 дар Мюнхен ба имзо расониданд. Мувофики он мебоист Чехословакия вилояти Судет ва районхои бо Австрия хамсархадашро бо тамоми боигари ва иншооташон ба Германия медод. ШМА ин созишномаро дастгири намуд. СССР ба Созишномаи Мюнхен мукобил баромада, изхор намуд, ки тайр аст ба Чехословакия ëри расонад. Вале хукумати буржуазии Чехословакия аз ин ëрманди даст кашида, 30 сентябр шартхои Созишномаи Мюнхенро бе ризоияти Мачлиси милли кабул кард. Британияи Кабир ва Франсия бо максади ба мукобили СССР барангехтани Германия Созишномаи Мюнхенро ба амал бароварданд. Созишномаи Мюнхен, ки дар натичаи вайрон кардани нормахои хукукхои байналхалки зуран ба гардани Чехословакия бор карда шуда буд, дар тайëр намудани Чанги дуюми чахони (1939—45) мархалаи мухиме гардид. Баъди Чанги дуюми чахони Чехословакия бо дастгирии Иттифоки Совоти ва дигар мамлакатхои сотсиалисти, дар бораи аз аввал беасос ва зиддихукуки донистани Созишномви Мюнхен масъала ба миëн гузошт. Мувофики шартномаи байни РСЧС ва РФГ (декабри 1973) иштирокчиëни он карор карданд, ки «… аз руи шартномаи мазкур муносибати тарафайнро ба назар гирифта, Созишномаи Мюнхен аз эътибор сокит дониста шавад».

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.