ШОДИЁНА, зарби кадимии доире ва нагора, ки бо хамовозии сурнай ичро мешавад. Ш.-ро асосан ансамбли хоси иборат аз сурнай, карнай, накора ва 2—3 дойра ичро мекунад,
Ш. оханги ракси буда, хангоми туй, базм, рузхои ид, саршавии ягон чамъомад ва г. ичро мешавад. Ш. аз чихати зарб ва усул ба чанд намуд чудо мешавад. Дар рисолахои мусикии Ш.-и турки (бо зарби «турки» ичрошаванда), Ш.-и чуфти (дар шаби туи аруси навохташаванда) ва г. номбар шудаанд. Шакли охангии Ш. дар «Шашмаком» низ ба назар мерасад. Ш.-и «Шашмаком» аз дигар шаклхои дар рисолахо зикршуда аз чихати зарбу усул фарк мекунад. Ш.-и замонавии ракси дар ох. с-хои 30 аввалин бор аз тарафи доирадасти мохир А. Хомидов навохта шуда, дар хавои он Арт. Хизматнишондодаи РОС Точ. О. Исомова раксидааст. Ин Ш.-ро балетмейстер Г. Валаматзода аз зарбхои гуногуна ракси (чашнободи, ларзон, вальси, накорави ва г.) тартиб додааст. Пас аз чанде бо тахрири нав (с.-хои 1965 —66 аз тарафи Г. Валаматзода) ракси Ш.-ро Малика Каландарова ичро кард.
И. Рахимов.