Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЛЮНКОВ Николай Никитович

СЛЮНКОВ Николай Никитович

slyunkov

СЛЮНКОВ Николай Никитович (таваллудаш 26. 4. 1929, дехаи Городеси райони Рогачеви вилояти Гомел), ходими партияви ва давлатии совети, Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1974), Коркуни Хизматнишондодаи Саноати РСС Белоруссия (1972). Аз оилаи дехкон. Аъзои КПСС аз соли 1954. Институти механизатсияи хочагии кишлоки Белоруссияро хатм намудааст (1962). Аз соли 1950 дар заводи тракторбарории Минск ёрдамчии усто, усто, сардори сех, раиси Комитети иттифоки касабаи завод шуда кор кардааст. Солхои 1960—65 дироктори заводи кисмхои эхтиёти дар шахри Минск, минбаъд то соли 1972 директори заводи тракторбарории Минск, директори генералии Иттиходияи истехсолии тракторбарории Минск. Соли 1972 котиби якуми Комитети партиявии шахри  Минск интихоб шуд. Солхои 1974—83 чонишини раиси Комитети давлатии планкаши (Госплан)-и СССР, 1983—86 котиби якуми КМ ПКБ. Аз январи 1987 котиби КМ КПСС Номзад ба аъзои (аз 1986), аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС (аз январи 19874. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 7, 10, 11) ва Совети Олии РСС Белоруссия (даъватхои 7, 10, 11). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1971). Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.