САЛИМА Султонбегим (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1613, Агра), шоираи форсизабони Хиндустон. Салима дар оилаи яке аз мансабдорони дарбори Захируддини Кобур ба дунё омадааст. Аз хурдсоли ба омузиши илмхои расмии замон ва ба шеъргуи Шуруъ кардааст. Мувофики маълумоти тазкира ва манбаъхои адаби Салим шоираи нозукбаёну рангинхаёле буда, бо ашъори латифу дилкашаш дар байни ахли адаб шухрати зиёде доштааст. Вале кисмати эчодии у аз шоирахои дигари «Махфи» тахаллусдошта фарке намекард. Шоира аз такдири бади занон, дар банди асориту гуломб мондани онхо шиквахо кардааст. Ашъори Салим ба таври пароканда дар тазкираву баёзхо сабт гардидаанд.
Л. Гаффоров.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.