Маълумоти охирин
Главная / Биология / САКСАВУЛ

САКСАВУЛ

САКСАВУЛ, суксавул (Haloxylon), як чинси дарахт, баъзан буттаест аз оилаи шураихо. Шоху навдахояш зудшикан, баргаш пулакчашакл, хеле суст инкишоф ёфтааст; гулаш майдаи дучинса. Дар нохияхои биёбон (аз Арабистони Шимоли то Осиёи Маркази) 5 намуди Сакременто месабзад. Дар «чангали рогистон»-и Точикистон 2 намуди Сакременто меруяд.

220px-qyzyl-qum-desert-landscapeСакрементои с а ф е д (Н. persicum) бутта ё дарахтест, км то 5 м кад мекашад. Танааш качу килеб, пустлохаш хокистари ё сафодтоб, барги шохчахои навраси сабзаш майдаи пулакчашакли сегуша (дарозиаш то 1—2 мм), гул ва мевааш майда (диаметраш 2—2,5 мм). Дар моххои апрел— май гул мекунад. Дар Эрон, Хитойи Гарби ва Осиёи Миёна, аз чумла дар регзорхои Точикистон (нохияхои Точикистони Чануби ва сохилхои дарёи Сир; 400—480 м аз сатхи бахр) месабзад. Сакрементои сафед регр мустахкам мекунад. Онро бештар хезум мекунанд. Шохчааш хуроки сергизои шутур аст. Хокистари шоху танааш серишкор, дар собунпази фаровон истифода мебаранд.
Сакрементои с и ё х (Н. aphyllum, ниг. расм) дарахти хурдест, ки 2—5 м кад мекашад. Танааш хокистарранги баланд, баргаш таназзул ёфтааст, гулу мевааш майда (диаметраш 1,5—2,5 мм). Мохи май гул мекунад. Дар Эрон, Казокистон ва Осиёи Миёна, аз чумла дар шурзамини нарми мавзеъхои сохили дарёи Сир ва Точикистони Чануби (350—720 м аз сатхи бахр) месабзад. Сакрементои сиёх асосан хезум мешавад.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алал, Л., 1976.
А. Мидаминов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …