Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАГАЛАК

ШАГАЛАК

shaghalak

ШАГАЛАК (Hammada leptoclada), як навъ нимбуттаест аз оилаи шураихо. То 1 м кад мекашад. Пояаш сершох, навдаи яксолааш сабзи зардтоб, резабарг, гулаш дучинса, мохи июль мешукуфад. Дар дашту биебонхои Осиёи Миёна (бештар дар хавзаи д. Аму) меруяд. Дар Точикистон асосан дар чойхои санглохи охаку гачдор, шурзамин ва чарогохи нохияхои чануб (то баландии 1100 м аз с. б.) нашъунамо мекунад.

Дар нишебию пастхамихои чануби к. Октов шагалакзори фарох мавчуд аст. Дар чарогоххои зимистони баргу пояи онро бузу гусфанд мехурад. Шагалакзорхо бо гиёххои эфемероиду эфемери (растанихои кутохнашв) чарогохро сералаф мегардонанд ва хокро аз обшуй шудан эмин медоранд. Шагалак дар тибби халки растании доруи хисоб меёбад. Дар баргу пояи он алкалоидхои диптерин ва лептокладин хастанд. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …