Маълумоти охирин
Главная / Техника / РЕВОЛЮТСИЯИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИ

ilm-texnika

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИ, тагйироти сифати ва куллии куввахои истехсолкунанда дар заминаи инкишофи илм ва прогресси техники. Солхои 30—50 асри 20 сар задааст. Револютсияи илмию техники инкишофи илму техникаро тезонида, ба хамаи сохахои хаёти чамъият таъсир мерасонад. Револютсияи илмию техники дорои хусусиятхои зер аст: кашфиётхои бузурги илмию техники, дигаргунихои технологи ва ба кувваи бевоситаи истехсолкунанда табдил ёфтани илм; ба омили асосии прогресси иктисодию ичтимои табдил ёфтан ва характери умуми гирифтани илм; тагйири сифатии куввахои истехсолкунанда, олоти мехнат, истехсолот ва худи коргарон; тагйири мохият ва мазмуни мехнат, афзудани роли унсурхои эчоди дар он; ба вучуд омадани заминахои моддию техники барои бартараф намудани тафовути мехнати фикрию чисмони, фарки байни шахру кишлок, сохахои истехсолию гайриистехсоли; ба вучуд овардани манбаъхои тозаи кувва, моддахои маснуи ва гайра; афзудани ахамияти иктисоди ва ичтимоии воситахои ахбор барои назорат ва рохбари ба истехсолоти чамъияти; баландшавии дарачаи маълумоти умумию касби ва мадании мехнаткашон, афзудани вакти холи; афзудани таъсири мутакобили илмхо, тадкикотхои комплекси, баланд шудани макоми илмхои чамъиятшиноси ва шиддат гирифтани муборизаи идеологи; тезу тунд шудани «масъалахои экологи» ва пеш омадани зарурати танзими системаи «чамъият — табиат» ва гайра. Револютсияи илмию техники  барои пайдоиши системаи ягонаи сохахои мухими фаъолияти инсон, аз кабили маърифати назариявии конуниятхои табиату чамъият (илм), воситахои комплексии техники ва тачрибаи таъсиррасони ва дигаргунсозии табиат (техника), просесси ба вучудоии неъматхои модди (истехсолот) ва воситахои окилонаи байнихамдигарии амали заминахои мусоид фарохам меоварад.

Револютсияи илмию техники  аз робитаи мутакобилаи ду револютсия — револютсияи умумиилми ва револютсияи техники иборатанд. Чихатхои дигари инкишофи Револютсияи илмию техники  ба мисли автоматони ва механиконии комплекси, истехсоли моддахои маснуъ, химикони ва электрикони дар рафти револютсияи мазкур пайдо шуда, минбаъд барои ба вучуд омадани чихатхои дигари он мусоидат мекунад.

Дигаргунисозихои револютсионие, ки дар илму техника ва вобаста ба он дар истехсолоти чамъияти ба амал меоянд, суръати прогресси чамъияти, сохтмони сотсиализм ва коммунизмро дар мамлакатхои гуногун метезонанд. Муносибатхои чамъиятие, ки дар мамлакатхои капиталисти ва сотсиалисти хукмронанд, ба характер ва куввахои харакатдихандаи револютсияи мазкур ий дар микьёси умумичахони ва яи дар худуди хар як системаи нчтнмой ва давлатхои алохида таъсири муайян мерасонанд. Аа ин ру, окибатхои ичтимоии он дар мамлакатхои сохти давлатиашон гуногуп мухталифанд.

Револютсияи илмию техники  ба хаёти ичтимоию иктисодии мамлакатхои тараккикунанда низ таъсири мухим мерасонад. Он дар назди ин мамлакатхо вазифаи интихоб намудани роххои инкишофи чамъият, баркарор намудани чунин муносибатхои ичтимоию иктисодие масъала мегузорад, ки аз комёбихои прогресси илмию техникь истифода бурда, дар муддати кутохи таърихь кафомонии ичтимоию иктисоди ва техникии худро бархам дода, ба прогресси чамъияти ноил шаванд.

Мавкеи ичтимоии илму техника, тарзи истифодаи онхо дар шароити сотсиализм ба мазмуну хусусияти муносибатхои истехсолии сотсиалисти алокаманд аст. Конунхои иктисодии сотсиализм барои инкишофи босуръати Револютсияи илмию техники   шароитхои зарурии объективие мухайё мекунанд, ки на факат прогресси илму техника, балки прогресси тамоми чамъиятро низ таъмин мекунанд. Ахамияти ичтимоии Револютсияи илмию техникии муосир боз дар он ифода меёбад, ки вай омили пешбаранда ва базаи моддии прогрес-си револютсионии чамъият низ мебошад.

Адабиёт: М а р к с Карл, Сарсухан ба «Доир ба танкиди иктисоди сиёси». Маркс Карл ва Энгелс Фридрих„ Асархо, мундаричаи, чилди 1, Душанбе, 1963; А ф а н а с ь е в В. г., Научно-техническая революция, управление, образование, Москва„ 1972; Научно-техническая ре-волюция и социализм, Москва„ 1973.

С. Наврузов, К. Ёкубов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …