Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ИЧТИМОИ

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЧТИМОИ

РЕВОЛЮТСИЯИ  ИЧТИМОИ, воситаи гузариш аз як формасияи чамъиятию иктисодии таърихан фарсуда ба форматсияи нисбатан прогрессиви, тагйироти амики сифати дар тамоми хаёти иктисодию ичтимои ва сиёсии чамъият. Назарияи илмии Револютсияи ичтимоиро аввалин бор Карл Маркс тахия кардааст. У дар сарсухани «Доир ба танкиди иктисоди сиёси» ном асараш менависад, ки куввахои истехсолкунандаи моддии чамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатхои истехсолии мавчуда зид меоянд. Ин муносибатхо, ки пештар як шакли инкишофи куввахои истехсолкунанда буданд, акнун кишани онхо мегарданд. Он гох давраи Револютсияи ичтимои  фаро мерасад. Баробари тагйир ёфтани асоси иктисоди дар тамоми надстройка дар як муддати кутох табаддулот ба амал меояд. Дар вакти тадкик намудани ин гуна табаддулотхо хамеша табаддулоти моддии дар истехсолот руйдодаро аз шаклхои идеологи (хукуки, сиёси, дини, бадеи ё фалсафи), ки одамон ин зиддиятро дар хамин шаклхо дарк мекунанд ва муборизаи худро дар хамин шаклхо ба анчом мерасонанд, фарк кардан зарур аст (Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Асархо мундаричаи чилди 1, сахифаи 374).

Характер, мохият ва мазмуни хар як Револютсияи ичтимоиро шароит ва хусусиятхои форматсияи чамъиятию иктисодие муайян менамояд, ки ба чои чамъияти кухна меояд. Револютсияи ичтимои  ба кадри гузаштан аз як давраи нисбатан паст ба давраи баландтари тараккиёти чамъият микёсан васеъ, мазмунан амик ва аз чихати вазифа муракаббтар мегардад. Масалан, Револютсияи ичтимои дар давраи гузариш аз чамоаи ибтидои ба гуломдори ва аз он ба феодали стихияви буда, ба воситаи шуриш ва харакатхои оммави ба амал меомад. Дар давраи гузариш аз феодализм ба капитализмРеволютсияи ичтимои тамоми чабхахои хаёти ичтимоиро фаро мегирад ва дар амали гардидани он фаъолилти бошууронаи ташкилоту партияхои сиёси нуфуз пайдо мекунад. Алалхусус дар дав-рае, ки гузариш аз капитализм ба сотсиализм ба амри конун дарома-дааст, фаъолияти бошууронаи сиёсии пролетариат омил ва шарти за-рурии инкишоф ва галабаи Револютсияи ичтимои мегардад. Револютсияи сотсиалисти шакли олии тачассуми Револютсияи ичтимои  мебошад, зеро махз тавассути он инсоният аз хама гуна шакли истисмор озод гашта, барои сохтмони чамъияти коммунисти имкониятхои реали пайдо мекунад.

Зиддияти байни куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсолии кухна, ки дар тезу тунд шудани зиддиятхои ичтими зухур меёбад, асоси иктисодии хар гунаРеволютсияи ичтимои аст. Дар натича зарурати бартараф намудани зиддияти байни ин ду омил ба миён меояд. Синфхои ба халли ин масъала манфиатдор дар просесси муборизаи револютсиони муносибатхои истехсолии кухнаро бархам дода муносибатхои нави истехсолиро баркарор менамоянд, ки дар навбати худ ба инкишофи куввахои нави истехсолкунанда мусоидат мекунанд. Онхо дар айни хол кувваи асосии харакатдихандаи Револютсияи ичтимои мебошанд.

Револютсияи ичтимои  махсули фаъолияти худсаронаи як гурухи хурди одамон ё ягон фард набуда, натичаи ногузири шароитхои муайяни объективи ва фаъолияти муташаккилу бошу-уронаи доираи васеи оммаи халк бо рохбарии партияхои сиёси мебо-шад.

Ба даст овардани хокимияти сиёси вазифаи асосии хар як Револютсияи ичтимои  мебошад. «Аз дасти як с и н ф ба дасти синфи дигар гузаштани хокимияти давлати, чи дар маънон катъиян илми ва чи дар маънои амали-сиёсии ин мафхум, аломати аввалин, мухимтарин, асосии револютсия мебошад» (Ленин Владимир  Илич Асархо, чилди 24, сахифаи 26). Револютсияи ичтимои чун зарурияти таърихи ва муборизаи оштинопазири синфи вобаста ба шароитхои конкретию таърихии мамлакат дар шаклхои шуриши мусаллах, табаддулоти сиёси, чанги граждани ва шаклхои осоиштаи мубориза ба амал омада метавонад. Партияхои Коммунисти, алалхусус Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, назарияи Револютсияи ичтимоии  сотсиалистиро эчодкорона инкишоф дода, мазмунашро гани мегардонанд. Назарияи марксистию ленини бар хилофи шаклхои мухталифи идеологияи буржуази (ислохотчиги, ревизионизм) Револютсияи ичтимоиро омили мухими инкишофи чамъият ва прогресси сиёси медонад. Алалхусус баъди галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, ки барои гузариши инсоният аэ капитализм ба сотсиализм шароит фарохам омад, ин чихати Револютсияи ичтимои  ахамияти хос пайдо кардааст. Нигаред, низ Револютсияи демократию халки, Револютсияи озодихохии милли.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …