РЕЖИМИ ХАРОРАТИ ХОК, низоми харорати хок, бо мурури замон тагйир ёфтани дарачаи гармии хок. Афканишоти Офтоб манбаи асосии гармие мебошад, ки хок мегирад. Холати гармии хокро чараёни ивазшавии гарми аз руи системаи зерин муайян мекунад: кабати ба руи замин наздики хаво — растани—хок—чинсхои кухи. Наботот таъсири афканишоти офтобро ба сатхи хок, кабати барф бошад, сардшавии онро дар зимистон суст мекунад. Суръат ва самти чараёни гармиро аз руи равишу андозаи харорат ва гармигунчоиш, гарми ва хароратгузаронии хок муайян мекунанд. Режими харорати хок сикли асри, бисёрсола, солона, шаборузи дорад, ки бо ивазшавии низоми инсолятсиони ва шуоъафкани алокаманд аст. Тагйирёбии ша-борузии харорати хок дар кабати 0,2—1 метр, солона бошад, дар кабати то 10—20 метр ба вучуд меояд. Режими харорати хок асосан аз таъсири иклим ташаккул меёбад, вале чихатхои хосе низ дорад, ки бо холати теплофизикии хам хок ва хам кабати чинсхои зери он алокаманд аст. Режими харорати хок ба сабзиш ва инкишофи наботот бевосита таъсир мерасонад. Барои идора кардани Режими харорати хок мелиорасияи гармидихи (зичии кишт, соядихи ва нармкуни, пу-шиши плёнкави, мулчирони, гармидихии сунъи ва гайра)-ро ба кор мебаранд.
Адабиёт: Шульчин А. М.. Температурный режим почвы, Ленинград, 1957; Д и м о В. Н., Тепловой режим почв Союз Советских Социалистических Республик СССР, Москва, 1972.