Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОАФКАНИШОТИ КАЙХОНИ

РАДИОАФКАНИШОТИ КАЙХОНИ

radiaciya

РАДИОАФКАНИШОТИ КАЙХОНИ, афканишоти объектхои галактики ва метагалактикиест, ки дар диапазони радиомавчхо вокеъ ме­шавад. Баъзан радиоафканишоти Офтоб ва сайёрахоро низ мутааллики Радиоафканишоти кайхони медонанд. Радиоафканишоти кайхониро соли 1931 радиофизики Америкои К. Янский дар мавчи дарозиаш 15 м кашф кард. Сарфи назар аз он ки кобилияти тафрикаи антеннаи радиотелескопи Янский хурд буд, солхои минбаъда худи у исбот намуд, ки радиоафканишоти дарефтааш аз минтакаи Рохи Кахкашон меояд. Солхои 40 асри 20 ба туфайли инкишо­фи босуръати техникои радиолокатсиони фасли нави астрономия — радиоастрономия ба вучуд омад, ки он мушохидахои астрофизикии объектхои кайдониро мукаммалтар намуда, бо астрофизика алокаи зич пайдо кард. Асбобу афзори радиоастрономии хозиразамон (солхои 80 асри 20) нишон медихад, ки такрибан мил­лион манбаи Радиоафканишоти кайхони мушохида карда шаванд. Сели радиоафканишоти сусттарин манбаъхо аз сели радио­афканишоти муниртарин манбаъ­хои маълум миллионхо маротиба сустанд. Аксарияти кулли манбаъхои суст берун аз худуди Галактикаи мо дар Метагалактика вокеанд.

Галактикаи мо хам манбаи Радиоафканишоти кайхони мебошад: дар минтакаи Рохи Кахкашон чойхое мушохида шудаанд, ки интенсивияти Радиоафканишоти кайхонии баланд доранд. Бештар манбаъхои метагалак­тинии Радиоафканишоти кайхони аз Радиоафканишоти кайхонии Галактикаи мо пуриктидортаранд. Агар Галак­тикаи мо такрибан 1038 эрг/сон (такрибан 10—6 хиссаи афканишоти пурраи диапазони оптики) афканад, баъзе манбаъхои метагалактики то 1045 эрг/сон афканда метавонанд, ки ин ба иктидори афканишоти оптикии онхо наздик аст. Чунин объектхо, ки радиогалактикахо ном доранд, аз азимтарин системахои ситоравии сферави иборатанд. Замин мушохи­дахои интерференсиони исбот кар­да шудааст, ки сохахои афканишо­ти оптики ва радиоафканишоти объектхои метагалактики дар фазо бо хам мувофикат надоранд: сохаи радиоафканишоти объектхои кайхони дар ду абри нисбат ба маркази афканишоти оптики симметри чой гирифтаанд ва аз он дар масофаи даххо хазор парсек вокеъ гардида­анд. Дар баъзе мавридхо дар мар­кази афканишоти оптикии радиогалактикахо манбаи андозахои кунчиашон хурд («1») Мушохида меша­ванд, ки сели радиоафканишоташон бо гузашти вакт фаври тагйир меёбад. Ин далели он аст, ки ядрохои галактики хануз фаъоланд ва аз худ моддаи абрхои радиоафканишотро мефишонанд. Назарияи афканишоти радиоманбаъхоро олимони Шветсия X. Алвфеи ва Н. Герлофсон (1950) пешниход кардаанд ва онро олимони совети В. Л. Гинзбург ва И. С. Шкловский минбаъд такмил додаанд. Бино ба тадкикоти олимони совети Радиоафканишоти кайхони хангоми дар майдонхои магнити харакат кардани электронхои сареъ (электронхои релятиви) ба амал меомадаанд. Тадбики ин нпзария ба манбаъхои радиогалактикии маълум нишон дод, ки дар чу­нин манбаъхо микдори зиёди заррахои релятиви мавчуданд, ки энергияашон чамъулчамъ то ба 1060эрг мерасад. Ин заррахо дар сохаи яд­рохои галактики чамъ меоянд ва хангоми таркишхо аз он чо хорич мешаванд.

Соли 1967 астрофизики англис Ч. Белли бо хамкоронаш радиоманбаи тамоман наверо ошкор кард ва он пулсархо ном гирифт. Сонитар маълум гардид, ки пулсархо ситорахои нейтронии басо пурзур маг­нитхнок шудаанд, ки баъд аз таркидани ситорахои навтарин ба вучуд омадаанд.

Аз охири солхои 60 ин чониб бо ёрии радифони маснуи Замин дар мавчи дарозиаш такрибан як километр, инчунин дар диапазони субмиллиметри мушохидаи Радиоафканишоти кайхони гузаронда мешавад.

Ад.: Каплан С. А., Элементарная радиоастрономия, М., 1966.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …