Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Петрозаводск

Петрозаводск

Петрозаводск, шахр, пойтахти РАСС Карелия. Бандар дар сохили кули Онега. Увели рохи охан  Аэропорт дорад. Ахолиаш 234 хазор нафар (1979). Петрозаводск мухимтарин маркази саноатии Карелия мебошад (зиёда аз 1/4 хиссаи махсулоти саноатии республикаро медихад). Сохахои асосии саноаташ: мошинсоэи ва коркарди металл. Заводхои калонтарини Петрозаводск тракторсози (тракторхо барои саноати чангал), мошинхои когазбарори, дастгохсози ва киштисози. Инчунин фабрикаи абрак, комбинатхои хонасози ва тахтабурию мебел дорад. Саноати сабук ва хуроквори низ ривоч ёфтааст. Дар Петрозаводск Филиали карелиягии АФ СССР, университет. филиали консерваториии Ленин­град, институти педагоги, 13 мактаби миёнаи махсус, 2 музей, 4 театр, омузишгохи мусики мавчуданд.

Петрозаводск соли 1703 бо номи «Петровская слобода» бунёд ёфтааст. Аз 1777— шахри Петрозаводск. Шахр, ки солхои 1941—1944, дар давраи истилои фашистони немис хеле хароб шуда буд, баъди чанг аз нав обод гардид.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …